Ҳабси раиси бахши ҲНИТ дар Норак

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, додгоҳи шаҳри Норак Қурбон Маннонов, раиси бахши ин ҳизб дар Норакро 10 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ҳарчанд ҳукми додгоҳ шоми 10 июн нисбати Маннонов содир шудааст, вале то ҳанӯз аз мақомоти Норак касе далели маҳбс шудани ӯро шарҳ надодаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳабси Қурбон Маннонов ҳайати Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти сарпарастии Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб, барои аз наздик шинос шудан ба ин қазия ба Норак сафар намуданд. Торнамо менависад, ин ҳайат барои ошноӣ ба қазияи мазкур, ба додгоҳ, шӯъбаи корҳои дохилӣ, шӯъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар Норак рафта, аммо посухи дақиқе нагирифтаанд: “Назди раиси дасгоҳи ҳукумат даромада, қазияро барояш баён кардем. Ӯ изҳори беиттилоӣ намуд ва гуфт танҳо ҳаминро медонад, ки утоқи кории бахши ҲНИТ-ро холӣ карданд, тамом”.
ҲНИТ мегӯяд, қаблан Қурбон Манноновро даҳҳо бор бо ҳар васила даъват карда, хостаанд, узвияти худро дар ҲНИТ қатъ намояд, вале қабул накардааст. Манбаъ аз қавли Рузихон Исмоилов, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак навиштааст, Қурбон Маннонов ду рӯз қабл аз ҳабсаш аз сӯи 8 корманди амният бурда шуд ва ҳанӯз касе аз аъзои хонаводаи ӯ иҷозаи дидор бо вайро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |