АКС: Наққошии тоҷикон дар ҷамоатхонаи исмоилиён дар Канада
Падару писар-Ҳасан ва Фирдавс Ҷумъаевҳо барои наққошии девори маркази исмоилияи Торонто ба Канада даъват шудаанд.
Муҳаммад Мунҷӣ, ҳамоҳангсози Маркази исмоилияи Торонто мегӯяд, Ҳасан ва Фирдавс Ҷумъаевҳо аз моҳи ноябри соли 2014 ба гаҷкорӣ ва кандакории девори Маркази исмоилия дар Торонто машғуланд: “ Аз он ҷо, ки ашё ва осори ҳунарӣ интиқолдиҳандаи таърих ва суннат ҳастанд, мо мехоҳем осори ҳунарии исломиро аз роҳҳои мухталиф ба намоиш бигузорем. Мақсади мо ба намоиш гузоштан ва аз ин тариқ барҷаста кардани плюрализми ҷамоати Канада аст”.
Ба гуфтаи Мунҷӣ мардуме, ки аз марказ дидан мекунанд, дар назди гулкории наққошҳои тоҷик меистанду аз зебоияш баҳра мегиранд. Дар назар аст, ки Ҷумъаевҳо гулкории девори бо 8 метр дарозӣ ва 3 метр баландиро охири тобистон ба итмом мерасонанд ва ба наққошии девори дигари ин марказ оғоз хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |