Дар Конфронси натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” пешниҳод шуд, барои 10 соли оянда Даҳсолаи нави байналмилии “Об барои рушди устувор” эълон шавад. Ба омори расмӣ 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар иртибот “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” мушкили дастрасӣ ба обро ҳал мекунад?
Фирдавс АРАБОВ, шореҳи масоили иқтисодӣ
Ростӣ, дар Тоҷикистон барои беҳтар гардидани мушкили дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ, аз ҳисоби сармояҳои хориҷа маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд, лекин мо таҳқиқ кардем, ки чунин маблағҳо ба ҷои лозима намерасанд. Агар вазъият чунин идома ёбад, дар 10 соли оянда низ дар ин самт ягон беҳбудие нахоҳад шуд. Барои беҳтар шудани вазъи дастрасии мардум ба об, пеш аз ҳама аз болои маблағҳои ҷудошуда назорати қатъӣ бурдан лозим. Бо таваҷҷуҳ ба мушкили дастрасии мардум ба об, ин иқдом ва ё пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар шароити имрӯза бисёр ба маврид аст. Бубинед, дар баъзе маҳаллаҳо мардум аз обҳои зеризаминие истифода мебаранд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза нестанд ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар ин самт бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, то мардум бо оби ошомидании тоза таъмин гарданд.
Абдуҳалим ҒАФОРОВ, вакили парлумон, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Ин иқдоме, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, хеле иқдоми хуб буда, қобили дастгирист. Ҷонибдорӣ шудани он низ аз тарафи Созмони милали муттаҳид гувоҳи он аст, ки даҳ соли дигар беҳтар ва тоза нигоҳ доштани об аз масъалаҳои бисёр рӯзмара мебошад. Албатта дар ин даҳ соли оянда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба оби тоза саҳм мегузорад. Ин қубурҳо, хатҳои обе, ки имрӯз дар Тоҷикистон мавҷуд ҳастанд, мутаасифона ҳамаи онҳоро мо бояд иваз кунем, то оби тоза истеъмол карда тавонем. Гузашта аз ин, мо манбаъҳои оби дохилии худро бояд пурра истифода бурда тавонем. Аз 100 фоиз обе, ки рудҳои мо ба вуҷуд меоранд, мо ҳамагӣ даҳ фоизашро истифода мебарему халос. Бино бар ин мақсад аз иқдоме, ки пешниҳод шудааст, ҳамин аст, ки мо бояд аз шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон мавҷуд аст, бароем. На танҳо мо, балки имрӯз дар дунё қариб 2 миллиард аҳолӣ аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд. Боварӣ дорам давоми даҳ соли оянда Тоҷикистон ҳама проблемаҳоеро, ки вобаста ба об аст, ҳал мекунад.
Зафар АБДУЛЛОЕВ, таҳлилгар
Ба фикри ман Ҳукумати Тоҷикистон проблемаи ба об таъмин кардани аҳолии кишварро худ бояд ҳал кунад ва барои ҳамин дар буҷа ҳар сол маблағи даркорӣ бояд ҷудо шавад.
Ин хел пул мо албатта дорем, барои он ки маблағи зиёди буҷа ба НОБ-и “Роғун” ва сохтмонҳое, чун китобхонаи миллӣ ё бинои нави алоқа, андоз, ки аввалиндараҷа барои мо нестанд, хар сол ҷудо мешавад. Чунин пешниҳодҳо чун "10 солагии об барои ким чи..." фақат аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизстон ва Узбакистон барин кишварҳо пешниход мешавад ва фақат барои як мақсад- аз давлатҳои бузургу созмонҳое мисли СММ ёрдампулӣ талаб кардан. Фақат грантхурӣ, аммо ин заҳр аст барои рушди ҷомеа ва иқтисодиёт. Ба 40% аҳолии мо оби тоза на барои он ки дарёву канал надорем, барои он ки дар Тоҷикистон фасоду авлодпарастӣ аз манбаҳои об бисёртар шуд. Барои мо "10 солаи мубориза бо фасодчиён дар ҳукумат" эълон кардан даркор.
Холназар МУҲАББАТОВ, доктори илмҳои география
65 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Азбаски релефи Тоҷикистон ҳамвор нест, обҳо нобарорбар тақсим шудаанд ва ин маънои онро надорад, ки мо бо об таъмин нестем. Дар ҳоли ҳозир 30 дарсади аҳолӣ бо оби оварда тавассути қубурҳо таъминанду бас. Аммо дар оянда нақшаҳои зиёд барои таъмини ҳамаи аҳолӣ бо об ҳаст. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон масъалаеро ба миён гузоштааст, ки мо бояд тамоми минтақаро бо об таъмин кунем. Тавре мо медонем, ҳоло вазъияти баҳри Арал каме бад асту баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр обанборҳои бузург сохтаанду оби каме ба ин баҳр меравад. Ва ин гуна пешниҳодҳо ҳам метавонад, мушкили моро ҳал кунад. Тайи чанд соли охир тавре огаҳӣ доред, муносибатҳо он қадар хуб набуд ва чизе ки дар коғаз буд, дар амал иҷро намешуд. Вале ҳоло бар асоси баъзе мушоҳидаҳои мо, ки ахиран дар шаҳри Тошканди Узбакистон будему бо олимони онҳо суҳбате доштем, ҳамаи онҳо манфиатдоранд, ки ин масъаларо дар якҷоягӣ ҳал кунем. Барои мисол дарёи Нил замоне барои оби он муноқашаҳои зиёд буд, вале ҳоло тарафҳо ба мувофиқа омадаанду мушкили худро ҳал кардан ва мо низ бояд ин масъаларо дар якҷоягӣ ҳал кунему минтақаҳои Тоҷикистонро, ки аз об танқисӣ мекашанд, мушкилашонро ҳал кунем.
Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, коршинос
Ташаббус кардан дар ҳар як кори хайр қобили дастгирӣ ва ташвиқ аст, агар дар паси ин гуна корҳои хайр мақсаду ҳадафи дигаре ниҳон набошад. Ҷаҳониён медонанд, ки обу ҳаёт муродифи якдигаранд, вале вақте мегӯем, об барои ҳаёт алакай ҷойгоҳи обро поин бурдаем. Бубинед, 10 сол "Об барои ҳаёт" гуфтему сароидем, вале чи чиз тағйир хурд? Оё ҳадди ақал мардуми худро ба истилоҳ сероб кардем? Танҳо имрӯз ҷомеъаи кишвар гӯё огоҳ мешавад, ки 40%-и мардум дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд. Набояд ишораи сарвазири Покистонро зимни ҷонибдорӣ аз 10-солаи нав зери номи "Об барои рушди устувор" оддӣ гирифт, вақте гуфт: Ин пешниҳод обективона амалӣ шавад". Ишораи банда аз ин ҳарфҳо ба хотири он аст, ки ҳар як иқдому ташаббусро набояд ба сиёсат печида кард. Дар ин сурат на барномаи амал оғозу анҷому матлуб пайдо мекунаду на дар сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳамгироӣ муваффақ хоҳанд буд. Ба ҳар ҳол, эҳтимоли қабули барномаи нав дар сатҳи СММ зери номи " Об барои рушди устувор" хеле кам аст. Дар ин маврид эҳтимол меравад, талошҳои Тоҷикистонро ба инобат гирифта, солеро барои об бо унвони нав эълон намоянд, ҳамчун пешниҳоди Тоҷикистон.
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон
Раванди татбиқи амалии даҳсолаи об барои ҳаёт дар ин маврид нишон дод, ки ин вокеан то дараҷае татбиқи худро ёфтааст. Агар барои 10 соли оянда таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад, ягон пешомадҳои манфие надорад. Ба назари ман ҷумҳурии мо аз ҷихати об танқисӣ намекашад, вале бояд гуфт, ки шояд дар баъзе манотиқ мушкилие бошад. Ва фикр мекунам дар натиҷаи амалишавии ин барномаи навбатӣ онҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Нуралӣ ДАВЛАТОВ, таҳлилгар
Дар 10 соли гузашта, ки ҳамин амалиёт сурат мегирифт, мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳал нашуд, шояд дар 10 солаи дигар ҳалли худро ёбад. Ба ҳар сурат, умед мебандем, ки дар даҳ соли оянда ҳал мешавад. Ҳарчанд, ки мушкилоти аслии Тоҷикистон таъмин бо барқу гармӣ, кору маоши хуб беш аз 2 даҳсола аст, ки ҳал намешавад.