(ВИДЕО) Рӯбарӯ бо вазир: Табибон маро бенаслу хонавайрон карданд...
Муслиҳиддин Сафаралиев, сокини 32 солаи ноҳияи Ҳисор имрӯз, 13-уми июн дар мулоқоти рӯбарӯ бо вазири тандурустии кишвар аз табибони беморхонаи марказии ноҳияаш шикоят кардааст, ки ба иддаои ӯ бо табобати нодуруст ӯро бенаслу хонавайрон кардаанд.
Сафаралиев, баъди мулоқоташ дар Вазорати тандурустӣ ба дафтари “Озодагон” омада, изҳор дошт, ки табобати нодурусти табибон боиси заъфи нерӯи мардӣ ва бенаслияш шудааст. Ӯ гуфт ду ҳамсари қаблияш ӯро тарк карданд ва феълан бори сеюм хонадор шудаасту то ҳол фарзанд наёфтааст: “Соли 2004-ум буд, бо табларза ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор рафтам. Гуфтанд эпилепсия дорӣ ва дору таъин карданд. Баъди сузандоруҳои фармудаи табибон саломатиам вазнин шуд, ҷигар ва узвҳои мардӣ варам карданд. Духтур гуфт, ки ин аз ҳисоби кори вазнин ё нодуруст хоб кардан шудааст”.
Ӯ мегӯяд, баъди чанд соли табобати бенатиҷа дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор, беҳбудиеро дар саломатиаш наёфта, барои муайян кардани дардаш ба беморхонаи рақами яки шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст: “Дар беморхонаи шаҳрӣ духтурон гуфтанд, чӣ доруеро истифода мебарӣ, ки қувваи мардиатро суст карда, боиси шусташавии витаминҳои магний, калтсий, оҳан ва ғайра аз бадан гаштааст ва он ба безурётӣ оварда мерасонад”.
Сафаралиев афзуд ба беморхонаю пажуҳишгоҳҳои дигар низ муроҷиат кардааст ва муътақид шудааст, ки сабабгори бадбахтиҳояш табобати нодуруст дар беморхонаи марказии ноҳяи Ҳисор аст: “Ба муовини сардухтури ноҳияи Ҳисор ҳама асли воқеаро фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ҳамон ампулҳое ки туро укол кардаанд биёр, баъд бовар мекунем. Аммо дар ин миён 11 сол гузашт, ман аз куҷо меёбам он ампулҳоро. Гуфтам минбаъд баъди ҳар бори сӯзандору карданам, ампулҳоро ҷамъоварӣ мекунам, ки даркор мешудаанд...”
Аммо табибе, ки ба гуфтаи Сафаралиев ӯро ба ин ҳол расондааст дар суҳбат бо “Озодагон”, даъвои ин беморро беасос хонда, гуфт доруҳое, ки ӯ таъин кардааст, ба фоидаи ин бемор мебошанд: “Ӯ эпилепсия дорад ва дар қайди беморхонаи мост. Ман ба ӯ витаминҳо, алое ва ғайраро таъин кардам, ки наметавонанд, одамро бенасл кунанд. Баръакс баданро нерӯ мебахшанд”.
Сафаралиев қотеъона таъкид мекунад, ки агар Вазорати тандурустӣ ё Ҷаноби Олӣ хоҳанд, ман пурра исбот мекунам, ки аз пушти ҳамин табибҳои бесавод тӯли 11 сол азоб мекашам: “Мехоҳам Ҷаноби Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти дахлдор кори чунин табибонро зери назорат гиранд, то болои сӯхта намакоб нарезанд. Мардуми бечора осоишта зиндагӣ кунад”.
Ӯ афзуд, ки имрӯз, дар бораи ин мушкили худ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиимоии аҳолӣ суҳбат кардааст: “Бо вазир ҳолатро фаҳмонидам. Гуфт ки муроҷиаттатро дар шакли ариза навис мо дида мебароем”. Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, дигар ба табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бовар надорад ва аз Вазорати тандурустӣ хоҳиш дорад, ки барояш шароити табобат дар беморхонаи дигарро муҳайё кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |