Муҳаммадиев: Шармам меояд, чунин шахшудагиро якумин бор дидам...
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шарҳи шикасти тимаш аз дастаи Урдун бо ҳисоби 1:3 изҳор доштааст, ки барои чунин натиҷа ва бозии беҳунарона шарм медорад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Муҳаммадиев овардааст, ки “ростӣ, пеши мухлисон шармамон омад. Мухлисони зиёд омаданду мо бо чунин як беҳунарӣ бозиро бохтем. Ман аз ин ҳайратзадаям, якумин бор бозигаронамонро дар чунин ҳоли шахшуда дидам. Чунин бозӣ кардан мумкин нест. Мумкин гармозада ё аз ҳад зиёд ҳаяҷонзада шуданд. Инро таҳлилу ташхис мекунем. Аммо бояд бозии хуби ҳарифро низ зикр кунем, ки аз мо бақувваттар буданд”.
Муҳаммадиев ин шикастро бохти даста хонда, танҳо бозии Манучеҳр Ҷалиловро қайд кардааст, ки дар сатҳи хуб баромад кард: “Ҳамчунин мехоҳам бозии дарвозабонамонро қайд кунам, ки ғайриимконро амалӣ карду дар бисёр ҳолатҳо дастаро аз гол наҷот дод”.
Дар ниҳоят сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз легионерҳо хоҳиш намудааст, ки минбаъд ба ҷамъомадҳои даста барвақттар ҳозир шаванд.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми 11-уми июн дар рақобати нахустинаш дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз яккачини Урдун бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |