Бахшҳо
13 июн 2015 11:39Тоҷикистон / Сиёсат

The New York Times: Тоҷикистон-ҷабҳаи нави “ҷиҳод”-и ДИИШ

Нашрияи амрикоии “The New York Times” бо нашри матлабе таҳти унвони “Тоҷикистон: Ҷабҳаи нави ҷиҳод” марзи кишвари мо бо Афғонистонро хатти нави мубориза бо созмони террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ хондааст.

Аҳмад Рашид, муаллифи ин матлаб навиштааст, ки “ҷабҳаи нави мубориза бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки садҳо ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба саффи “Давлати исломӣ” ва Толибон он ҷо ҷамъ омадаанд”.

Аҳмад Рашид, ки муаллифи чандин китоб дар бораи Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ аст, дар матлабаш дар “The New York Times” зарур хондааст, ки кишварҳои Ғарб ба эҳтимоли ташкили як ҷабҳаи дигари ҷиҳодиҳо дар марзи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Ӯ суҳбаташ бо як масъули баландпояи мақомоти амниятии Тоҷикистонро зикр карда, афзудааст, тибқи иттилои онҳо беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯ, ки аксарашон зодаи Осиёи Марказиянд, дар шимоли Афғонистон ҷамъ омадаанду нияти ташкили хилофат аз Туркия то Шинҷони Чинро доранд.

Муаллифи матлаб таъкид намудааст, ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ бояд дарк кунанд, ки иқдоми саркӯбгароёнаи онҳо алайҳи исломгароёни муътадил ба афзоиши саффи ин ҷангҷӯёни ифротӣ суръат мебахшад: “Маҳдудсозии ҳуқуқи диндорон ба манфиати ҳаракатҳои ифротӣ аст. Мамнуъияти риш барои мардон, ҳиҷоби занон ва омӯзиши Ислом дар мактабҳо бояд аз байн бурда шавад, чун ин сиёсатҳо роҳро барои афзоиши ифротгароҳоро ҳамвор мекунанд”.

Ин бори аввал нест, коршиносон ва рӯзноманигорони хориҷӣ аз паёмади бади маҳдудиятҳои рӯзафзун алайҳи исломгароён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Қаблан нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон низ бо нашри матлабе аз мақомоти Тоҷикистон хост, “баҳсҳои ришу ҳиҷобро канор гузошта, якҷоя бояд ба рушди иқтисод рӯй овард, ки, роҳи наҷот аз гурӯҳҳои ифротӣ мебошад”. Муаллифони матлаби ин нашрия гуфтанд, “Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, туъмаи шикори гуруҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии ин кишвар хунсо кунад”.
Мӯҳр
Кулябец
Албатта Афгонистон давлати чангзада мебошад ва муътадилии хамсоягонро ободии худ мехисобад . Албатта хакки хаисояги дар Ислом хам омадааст . Точикистон аз рохи атеисти баргардад ва хурофотро низ саркуб кунад! Факат Исломи хакикиро шиносад. Аз ягон хизбу мазхаб тарафдори накунад.

Дар шахри Вахдат дар кишлоки чиламазор оиди вайрон крдани манорахои як масчид карор бароварда буданд, ба наздики ин карор бекор шуд. Сабабашро акнун фахмидем.

Хамин нашриети амрико дар байни Точикистон чи гум карда бошад.Руирост дуруг менависад.Шур дохтани ватани мо сар шуд магар.шукри худо Точикистон тенчай.

Абдураҳмон
Ассалому алайкум сабаби асосии нооромии ватаннамон ин аст ки ҳукумат нисбати дин сахтгири карда истодааст ва муқаддасоти моро нодида гирифтааст ва мардуми мо барои дини ислом ҷони худро фидо мекунанд мисол; мардуми ватанаммон дар сурияву ироқ ҷангида истодаанд.Аз инрӯ дар ватан ҳукуматдорон бо эҳсосоти мардум даст дарози доранд.ба ҳама малум аст ки 99% мусалмонон дар ватан зиндаги доранд.вақте ки ноороми сар шуд мардум аз пайи интиқод мешаванд.

МУХИДИН КАБИРИ, ХНИТ= ПИСАРИ АМРИКО!. БАЧАМА НАРАСЕН!!. ЯЪНЕ БА КАВЛИ ДИГАР МУХИДИН КАБИРИ-ПИСАР БА АМРИКО = ПАДАРАШ ГУФТААСТ КИ "ЭЙ ПАДАР МАРА НАМУ БАЧАКОИ БОЛО ГАМ МЕТАН" АМРИКО БАЪД ТОЧИСТОНА ГУФТАЙ КИ БАЧАИ МАРА НАРАСЕН КИ ТЕРРОРИТОМА ЯЪНЕ АЪЗОЁНИ ДИИША БА САР ТОНА РОИ МЕКНМ. Маҳдудсозии ҳуқуқи диндорон ба манфиати ҳаракатҳои ифротӣ аст. Мамнуъияти риш барои мардон, ҳиҷоби занон ва омӯзиши Ислом дар мактабҳо бояд аз байн бурда шавад, чун ин сиёсатҳо роҳро барои афзоиши ифротгароҳоро ҳамвор мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)