Гуфтушуниди ҳукуматҳо: Аз раводид то рафтуомади автобусу тайёра...
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон, ки даҳаи сеюми моҳи июн дар назар аст, масоили роҳандозии рафтуомади автобусҳо, парвози тайёраҳо ва соддасозии низоми гирифтани раводид миёни ду кишвар дар назар аст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳайати кишвари моро дар ин гуфтушунидҳо муовини аввали сарвазир, Давлаталӣ Саид роҳбарӣ мекунад: “Ба ҳайати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари хадамоти гумрук, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технология, Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар шахсони воломақоми кишвар ворид шудаанд”.
Дар назар аст, ки ҳайати Узбакистонро дар ин гуфтушунидҳо Рустам Азимов, ноиби аввали сарвазири ин кишвар роҳбарӣ кунад. “Обшавии яхҳо” дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоле ба назар мерасад, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишвар дар соли 1992 қатъ шуда буд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Узбакистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Узбакистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуда буд. Аммо ахиран хабарҳо аз ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ зиёдтар шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон расонаҳои Узбакистон иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард, аммо амалӣ нашуд. Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |