АКС: Бурди сокини Ваҳдат баъди шикасти тими Тоҷикистон аз Урдун
Абдураҳмон Назаров, сокини шаҳри Ваҳдат шоми 11-уми июн зимни қуръапартоӣ миёни мухлисони футбол дар майдони марказии Душанбе соҳиби автомашинаи тамғаи “Мерседес- Бенс” шуд.
Зимни қуръапартоӣ, ки баъди шикасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими Урдун баргузор шуд, инчунин Суннатулло Давлатов, хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Рӯдакӣ “iPhone 6” ва Қутбиддин Муқимов, устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон планшети “iPad”-ро ба даст овардаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Абдураҳмон Назаров барандаи “Мерседес- Бенс” овардааст, ки бурдаш баъди бохти тими Тоҷикистон боиси эҳсоси дугуна шудааст: “Ман хурсанд аз он ҳастам, ки имрӯз чиптаи ман бурд кард, вале дар баробари ин ғамгин аз онам, ки тими мо ба Урдун бозиро бохт”.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рақобати нахустинаш дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз яккачини Урдун бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |