Бахшҳо

Нигаронии Нобовар Чаноров аз бидуни иҷоза бозхонӣ шудани таронаҳояш

Нобовар Чаноров,[/b] овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, аз бидуни иҷоза ва дар шакли дигар бозхонӣ шудани сурудҳояш нигарон аст ва ҳатто ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам расман муроҷиат кардааст.

Нобовар Чаноров имрӯз, 12 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аснои сафари ахираш ба шаҳри Маскави Русия дар яке аз тарабхонаҳо шоҳиди аз сӯи кадом як хонанда бозхони шудани суруди маъруфи “Ба лолазор” гардид. Ӯ гуфт, вақте сурудро тамом кард, боз фармоиш додам, ки як бори дигар такрор бихонад:[b] “Дар як тарабхонаи гурҷӣ нишаста будем, ки яке ҳамин суруд садо дод. Танҳо як-ду калимааш бо забони тоҷикӣ суруда шуду халос, дигар намедонам, чӣ хонданд. Баъд дӯстонамон наздашон рафта пурсиданд, ки ин сурудро аз куҷо ёфтед? Гуфтанд, “аз интернет”. Мо ҳам дигар чизе нагуфтем”.[/b]

“Ба лолазор” аз маъруфтарин сурудҳои Нобовар аст, ки дар озмуни ахири “Суруди сол” соҳибҷоиза шуд. Оқои Чаноров мегӯяд, ин сурудро [b]Сидиқ Шубоб[/b], як сарояндаи афғон низ иҷро кардааст: [b]“Он кас ба ман занг зада, гуфт, зиёд мехоҳад ин сурудро дар консертҳои Амрикову Аврупояш иҷро кунад. Ман гуфтам, марҳамат кунед”. [/b]

Хонандаи тоҷик меафзояд, ҳолатҳои бидуни иҷоза бозхонӣ шудан зиёданд: [b]“Масалан суруди “Ту гули лола”-ро Шаҳзод Азим, як овозхони узбек бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст. Тамоми мусиқии моро гирифта, дар баъзе ҷо овози ман ва дар ҷои дигар садои худро монда, клип кардааст. Дар интернет ҳаст ин клип”. [/b]

Ин сарояндаи маҳбуб мегӯяд, аз миёни сарояндаҳои зиёде, ки таронаҳояшро бозхонӣ кардаанд, ба ҷуз Сидиқ Шубоб, ду хонандаи тоҷикистонӣ -- Рустами Нур ва Набиҷон аз ӯ иҷозат пурсидаанд: [b]“Дигарҳо нопурсида мехонанд, боз аз худ чизе илова мекунанд”. [/b]

Ба қавли вай, на танҳо сурудҳои ӯ, балки таронаҳои овозхонҳои дигарро ҳам зиёд бидуни иҷоза бозхонӣ мекунанд: [b]“Ин даҳшат аст. Барои мисол, имрӯз дар як тарабхонае будам. Як духтар суруд хонд. Оҳангҳои як ҳунарманди маъруфи моро гирифта, суханҳое мондааст, ки умуман ба мусиқӣ намечаспад. Зиёд мехостам аз он сароянда бипурсам, ки “эй хоҳар, Шумо ҳамин корро кардед, бароятон писанд аст?” Як мусиқиро солҳо эҷод мекунанд, вале мебинем, ки аз ҷониби дигарҳо тамоман ба дигар тарз хонда ва дигар хел садо медиҳад. Ин кори хуб нест, завқи шунавандаро хароб мекунад”. [/b]

Нобовар гуфт, дар қиболи ин ҳама бидуни иҷоза бозхонӣ шудани таронаҳояш танҳо як маротиба расман ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кардааст: [b]“Он ҷо ду соат суҳбат доштем, вале то кадом андоза пайгирӣ мекунанд ва чи натиҷа медиҳад, маълум нест”. [/b]

Нобовар Чаноров аз сарояндаҳои номовари тоҷик аст, ки ҳамроҳ бо гуруҳи “Шамс” ҳунарнамоӣ мекунад. “Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Лайлӣ” аз маъруфтарин сурудҳои ӯянд. Ахиран, ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё як суруди муштарак иҷро кард, ки дар ҳоли ҳозир дар феҳрасти сершунавандаҳо қарор дорад.
Мӯҳр
Баҳром
Эҳа, агар сурудхонӣ бо иҷоза мешуд сарояндагони тоҷик ба ғайр аз иҷозагирӣ аз овозхонҳои афғону эронӣ дигар сурудхонӣ ба вақт намеёфтанд аз он ҷумла ҳами Нобовари Чанор ҳам. Акаи Нобовар ту дону Худо аз кадом ҳофизи қадимаи Бадахшон ва ё аз Аҳмад Зоҳир иҷозат гирифтӣ ё не? 200 фоиз бовариам ҳай ки бе иҷозат ҳамаи сурудҳои қадимаи бадахшиву афғониву эронийа хонда исти, аз ин лиҳоз иқа катагӣ ҳам кардан намезебад...

Abdul
Дар Тоҷикистон ҳарчи зудтар бояд қонуни ҳаққи муаллиф ё copy right ба табъ расад, вагарна на танҳо шеъру суруд, балки асарҳои бадеию илмиро низ дуздидан мегиранд. Мумкин чунин қонун дар Тоҷикистон бошад, лекин иҷорои он то кунун натиҷабахш нест.

мулло
Суруди " Ба лолазор" баъди клипи муллои Фархори папуляр шуд. агар дар кадом толоре Нобовар хамин сурудашро хонад хамма ба якдигар миш-миш карда механданд. Ба фикрам корхои муллокардаги пеши назарашон меояд. Офарин Нобовар суруди зур эчод кардед.

Кулябец
Нобовар ба худат бовари дошта боши сахт истодагари кун! Агар хамаи сарояндагони суруди ,, Ба лолазор "- ро ба суд дихи судяхои Точикистон як сол аз паи кори Шумо мешаванд!!!!

овора
Мардум дар гами чию ин Нобовар дар гами чи, хай хондас хондасд
ия хаминам хабар шуду. Артист худаш чики боз.........эээээээхххххХудочон ба мо сабр тееееее

Бигзор худи Нобовар хам ичозатхохи аз сарояндагони авгонро фаромуш накунад

...
Аслан гирем суруди ба лолазор моли Нобовар нест он моли халк аст. агар ин хел мешуд бояд Чонибек изхори нигарони мекард, зеро пеш аз Нобовар Чиноров Чонибек Муродов аввалин шуда ин сурудро дар формати сурудхои туёна ё ба истилохи имрузи "Попури" дар консерташ хонда буд. агар Нобовар даъво кунад дар он сурат даъво карда метавонад, ки суруду оханг махз барои у аз тарафи оохангсозу шоире омода шуда бошад аммон дар ин холат у даъво карда наметавонад. Барои мисол суруди !азизи дилам Зулайхо" хама гумон мекунанд, ки он моли Чурабек Муродов аст, аммо дар асл он моли мардуми Афгонистон буда, Чурабек муродов онро зимни сафараш ба Афгонистон мешунавад ва омада, дар Точикстон ба танзим дароварда мехонад. Ин сурудро кариб кулли сарояендахои узбекзабон бозхони намудаанд, аммо то ба хол Чурабек Муродов аз касе даъво накардааст. аммо дар киёс ба ин суруди "Чак-чаки борони бахор" махз барои Далер Назаров тахия гардидааст, аммо онро кулли сарояндахои туркзабон копихони намудаанд. огои Далер аз касе домангир нашудааст ку. Барои !Ба лолазор! Чонибек даъво кунад мешавад агар барои бори аввал хонданаш аммо фикр мекунам ки ин кирои нигарони надорад баракс боиси ифтихор аст ки баъди хондани Нобовар ин суруди машхури халки ба номи у сабт гардид

zab chizay
Aku khudash guyu surudhoi ovizkhonoi digara namekhona? yak odame yofte ki davo kuna, az ina khap shina khubtaray

Суруди "Боз омад он мижгонсиёх" суруди афгони асту ман сабти аслии онро дорам. Аммо Нобовар Чиноров онро дар хама маъракахо аз худ карда мехонад-ку. Бовари надорам, ки у аз муаллиф ичозат гирифта бошад....

шахрванд аз душанбе.
;Ба лолазоре; ин суруди халкии точики аст! Оё барои онро такмилдода сароидан Нобовар аз халк ичоза гирифтааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)