Сайф САФАР
Дӯсте хабар расонд, ки ширкти мухобиротии “Мегафон” тарифи навро бо номи “Ба сифр гузар” фаъол кардааст. Хост, ки бартарии онро ташреҳ кунад, ки маҷоли суханро гирифтаму бо шӯхии нимҷиддӣ гуфтамаш: “Мо, ки муддатест дар сифр ҳастему аз сифр ба сифр гузаштан ҳеч ниёзе нест”.
Ин чиз боиси андеша кардан дар бораи “давраи гузариш” шуд. Истилоҳе, ки солҳост аз забони давлатмардони мо шунида мешавад. Хосатан, замоне, ки аз камбуду норасоӣ бигӯӣ аз ин ибора кор мегиранд. Дақиқтар, аз он ба ҳайси як сипар ва хомӯш кардани тараф суиистифода мешавад. Аз мушоҳидаҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки зоҳиран раванди гузариш дар кишвар вуҷуд дорад, вале на ба тарафи мусбат. Чанд мисол мезанем, ки моҷаро рӯшантар шавад. Соли 2007-ум дар кишвар ниҳоди мубориза алайҳи фасоди молӣ дуруст шуд, ки мантиқаш бозгӯкунандаи зиёд шудани фасоди молӣ аст. Рӯшантар, то ҳар қадаре, ки пеш аз 2007 ибораи давраи гузариш мегуфтанд, пас гузариш ба фасод будааст.
Таъмини сартосарии барқ яке дигар аз нишонаҳои беҳбуд ёфтани ҳар кишвар маҳсуб мешавад. Иқтисоди нерӯманд ва тавоно танҳо дар сурати муяссар будани ин неъмат фароҳам мешавад. Дар ин замина ҳам мо шоҳиди беҳбуд нестем ё ба иборати мавриди ҳадафи ин матлаб ба самти мусбат гузариш надорем.
Зиёд шудани раванди шадиди муҳоҷират шояд боризтарин нишонаи давраи гузариш ба масири номатлуб бошад. Солҳои қаблӣ агар аз як хона як нафар дучори боди муҳоҷират мешуд, вале солҳои ахир зиндагии ҳар нафари қобили меҳнат ба муҳоҷират гиреҳ хурдаст. Аз ин ки бигзарем, буҷаи кишвар аз пули муҳоҷирон мечархад. Боз гузариш ва боз ба чӣ ҷонибе!?
Нимнигоҳе ҳам дошта бошем ба гузариши дар тафаккури мардум, ки дар ин ҷаҳони боз боястӣ чунон рушд мекард, ки худашро аз бештари мушкилот бениёз мекард. Яъне, он қадр аз давлат таввақӯъ намедошт. Бо таассуф, мо акси ин равандро мушоҳида кардем ва бештар аз инро низ. Фарзи мисол, мардум дар айни нодорӣ чунон зиёфат медод, ки дар назари маъмурини қабули қарор вахимтарин далели пасрафти иқтисод ва зарба ба буҷаи кишвар ҷилвагар шуд. Ин буд, ки масъулини кишвардорӣ тасмим гирифтанд сӯгу сӯри мардумро танзим кунанд, ки базми арусиат барои чанд муддат давом кунаду чанд меҳмон дошта бошӣ. Ин ҳам як гузариши дигар, вале бо як афсӯси бодард.
Ҷо дорад ба гузариш дар умури сиёсии кишвар ҳам назаре кунем. Бо гузашти замон фазои сиёсиро мубҳам ва дарҳои муколамаро миёни долонҳои расмии кишвар ва ҷомеаи маданӣ бастатар мебинем. Падидаҳое, ки дар шаъни як ҷомеаи мардумсолор нестанд, бештар мушоҳида мешавад. Интихобот, ки тавони ба роҳатӣ нишон додани кишвари демократиро дорад, сол аз сол барои адами шаффофият мавриди интиқоди бештар созмонҳо ва нозирони ҷаҳонӣ мегардад. Мисолҳо зиёданд, аммо бо инҳо иктифо мекунем.