Бахшҳо

Ато Муҳаммад хостори зери раҳбарӣ гирифтани амалиёти низомӣ шуд

Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз сиёсатмадорони таъсиргузор дар ин кишвар, гуфтааст, агар раисиҷумҳур – Ашраф Ғанӣ иҷозат бидиҳад, омодааст, барои поккории пойгоҳҳои террористон дар вилоятҳои шимол амалиёти густардаи низомиро оғоз кунад.

“Агар раиси ҷумҳур, сарқумандони аъло, масъулин ва раиси иҷроия ва вазоратҳои муҳтарами дифоъ ва дохила иҷоза бидиҳанд, мо бо ҳамкорӣ ва ташвиқи вилоёти ҳамҷавор ва инояти парвардигор дар баробари ҳаросатафканон истодагарӣ хоҳем кард. Ҳеҷ ҳаракат ва таҳдиде аз душман дар атроф ва акнофи мо боқӣ намонад”,-гуфтааст Ато Муҳаммади Нур дар изҳороти ахири худ.

Ин дар ҳолест, ки Ато Муҳаммади Нур чанде пеш дар як изҳороти расонаии худ аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати марказии Кобул дар баробари тундравҳо дар шимоли кишвараш изҳори нигаронӣ ва интиқод карда буд. Атто Муҳаммадди Нур гуфтааст, ду ҳафта мешавад, ки либоси низомӣ ба бар карда, набардҳо дар баробари гуруҳҳои тундравро дар вилояти Балх раҳбарӣ мекунад. Ин фармондеҳи пешини муҷоҳидини Афғонистон гуфтааст, барои ташвиқи неруҳои амниятии кишвараш дар канори онҳо меистад: “Ба хотири ташвиқи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки бидонанд мо дар ҳама гуна шароит дар канорашон ҳастем ва сарбозу афсари мо бидонад, ки хуни як раис ва воливу вазир болотар аз хуни онҳо нест”.

Ато Муҳаммади Нур дар изҳороти як ҳафта қабли худ бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии ҳукумати марказии Кобул дар баробари тундравҳо дар шимоли кишвараш, гуфта буд: “Ман огоҳ шудам, ки ҷуғрофиёи ҷанг тағйир карда, мухолифин меоянд ва ҷабаҳотеро дар Бадахшон боз мекунанд. Дар ин замина бо раисиҷумҳур суҳбат доштам ва ҳамчунин бо раиси иҷроия. Ҳардушон истиқбол карданд ва гуфтанд, мо иқдом мекунем. Аммо мутассифона иқдом накарданд ва ман маҷбур шудам, масъаларо матбуотӣ кунам, зеро намехоҳам мардумам кушта шавад”.

Вилоёти шимолии Афғонистон, ки то кунун аз вилоятҳои нисбатан амнтари ин кишвар дониста мешуданд, аз аввалҳои соли ҷорӣ хеле ноором шуда ва баъзе коршиносон мегӯянд, он нишонаи тағйир кардани ҷуғрофиёи ҷанг дар ин кишвар аст.

Ба вилоятҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон Бадахшон, Бағлон, Кундуз, Балх, Тахор, Ҷузҷон, Сарипул, Самангон ва Форёб дохил мешаванд, ки баъзеашон дар ҳамсоягии Тоҷикистон қарор доранд.
Мӯҳр
olim
E gap nest Sheri Nar yaktai daaa. Rangi Rubohmijozoi mo (Gulmurod Halimov) nashav hej goh.

Исфара
Ман бо точик будани ато мухаммади нур ифтихор мекунам

Ато Мухаммад Точики хакики аст. Шери нари мардуми Форс!

АС
Толибон аз як су исломгарои ваххобиянд, аз суи дигар хадафи асосияшон пурра аз сахнаи сиёси дур кардани саркардагони точик аст. Дар рохи расидан ба ин хадаф як-як лидерхои точикро террор карданд - аввал Ахмадшо, сипас Б. Раббони... Амалан аз пешвоёни точик устод Ато ягона касест, ки мавкеи нисбатан мустакилу мустахкам дорад. Салохуддини Раббони ва Ахмад Зиё Масъуд хам хастанд, аммо инхо ба андозаи Ато гаюру мустакил нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)