Рӯёнидани як миллион маоши пардохтнашудаи муҳоҷирон дар Русия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия наздики як миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро аз ширкатҳои корфармо рӯёнидааст. Дар ин бора Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯйи Намояндагӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Оқои Аҳмадӣ афзуд, бо талоши Намояндагӣ дар минтақаи федеролии Сибир аз Комбинати орди шаҳри Об 620 ҳазор рубл ҳақмузди як гуруҳ муҳоҷирини тоҷик рӯёнда шудааст: “Як гуруҳи иборат аз 4 нафар таҳти роҳбарии Сафархуҷа Қирғизов, сокини ноҳияи Румии Тоҷикистон дар ин комбинат кор кардаанд, ки бо ҳар баҳона маоши онҳо пардохт нашудааст”.
Бино ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадӣ, Намояндагӣ бар асоси дархости Умархон Бухориев, як шаҳрванди Тоҷикистон аз ширкати “Стройтек” дар минтақаи федеролии Урал 128 ҳазор рубли русӣ маоши се шаҳрванди кишварро рӯёнда, барои пардохт шудани 128 ҳазор рубл маоши Зайниддин Собиров ва 100 ҳазор рубл ҳақмузди Таҳмина Маҳкамоваро аз ширкатҳои корфамо дар Маскав ва вилояти Маскав мусоидат намуд.
Дар ҳамин ҳол, Намояндагии Тоҷикистон дар умури муҳоҷират дар Русия аз шаҳрвандони кишвар, ки дар қаламрави Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, хоҳиш намудааст, қабл аз шурӯи кор бо корфармоён бар асоси Кодекси меҳнати Русия созишномаи меҳнатӣ бубанданд: “Дар сурати пайдо шудани баҳсҳо бо корфармоён дар мавриди пардохт нашудани музди меҳнат аз муҳоҷирон хоҳиш мекунем, ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд ва дар ҳеҷ сурат ба суроғи нафароне, ки бо гирифтани як қисми маошашон “ҳама мушкилотро ҳал мекунанд”, нараванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |