Тағйироти кадрии вазир дар фарҳанг: Яке ба ҷои дигаре...

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ниҳоди зертобеяш тағйироти кадриро амалӣ кардааст. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг Орумбекзода аз ҷумла Абдуғаффор Абдуҷабборовро аз сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат озод намуда, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ таъин кард. Хуршед Низомовро сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат таъин кардааст, ки то ин муддат сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд.
Қурбон Афғоновро аз вазифаи директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар озод ва ба вазифаи сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъин намуд. Ба вазифаи пешнини Қурбон Афғонов, Беҷода Гуленоваро таъин намудааст, ки то ин замон муовини директори ҳамин муассиса будааст.
Ҳамчунин вазири фарҳанг Манасим Мадёровро аз вазифаи сардори раёсати санъат озод ва ба ҷойи ӯ Олим Акрамовро таъин кардааст.
Бо фармоиши вазири фарҳанг инчунин Шералӣ Хоҷаев вазифаи сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва Кенҷа Иброҳимов мансаби директори Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ- Маркази ҷумҳуриявии эстетики кӯдакон ва ҷавононро ишғол кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |