Русия: Ҷаримаи як ҳуқуқдони тоҷик барои пешниҳоди пора ба нозири роҳ
Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро дар пешниҳоди пора ба нозири роҳ муҷрим шинохта, ӯро 25 ҳазор рубл ҷарима бастааст.
Дафтари матбуотии раёсати тафтишотии Русия дар вилояти Кемерово гуфтааст, моҳи апрели соли равон ин ҷавон барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ, ҳаракат дар роҳи мошингард, аз сӯи нозирони роҳ боздошт шудааст: “Кормандони пулис ӯро ба мошини хидматӣ нишонда, ба таҳияи протоколи маъмурӣ машғул шудаанд. Тоҷик ба нозирони роҳ пора пешниҳод кардааст, то раҳояш кунанд”.
Манбаъ мегӯяд, аммо кормандони пулис ин пешниҳодро рад намуда, гуруҳи фаврӣ-тафтишотиро даъват кардаанд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия қонунӣ ба сар бурда, гузашта аз ин маълумоти олии ҳуқуқӣ доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |