Ирсоли парвандаи узви Раёсати олии ҲНИТ ба додгоҳ

Парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст. Зарафо Раҳмонӣ, вакили дифои Маҳмудов рӯзи 11 июн дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, парванда имрӯз, 11 июн ба Суди олӣ фиристода шуд.
Ба гуфтаи хонум Раҳмонӣ, Маҳмудов бар асоси банди "б", "в"-и қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он, айбдор мешавад.
Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, “бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".
13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир карда, баъдан ин муҳлатро тамдид кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |