Боздошти занҳои ҳиҷобпӯш дар Тошканд
Пулиси Тошканд дар наздикии бозори “Куйлюк” -и пойтахти Узбакистон занони ҳиҷобпӯшро боздошт кардааст. Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” бо такя ба нақли шоҳидони ҳодиса хабар медиҳад, ҳарчанд занон пофишорӣ мекарданд, вале пулис онҳоро савори мошинҳои низомӣ кард.
“Касе ба дифои онҳо наомад”,-гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса. Манобеъ аз мақомоти пулиси Тошканд гуфтаанд, барои ин амалиёт чанд гуруҳ аз тамоми шӯъбаҳои ин ниҳод таъсис ёфта буд. Ин гуруҳҳо дар чанд ҷойи дигар, монанди постгоҳи БДА-и “Бектимир” ва “Шарқ” даст ба чунин амалиёт задаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, занони ҳиҷобдорро ба идораи пулис мебаранд ва ҳар нафаре барои гирифтани ҳиҷоб розӣ шавад, зуд раҳо мекунанд: “Вале, касоне ки истодагарӣ кунанд, бо кормандони шӯъбаи муқобила бар зидди терроризм суҳбат хоҳанд кард. Пайвандони онҳоро ба суҳбат даъват мекунанд”.
Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” аз қавли манобеи худ навиштааст, бархе аз кормандони пулис мухолифи ин амали ниҳоди худ ҳастанд. “Дар суҳбатҳои хусусӣ ба рӯшанӣ мегӯянд, зудтар ба нафақа баромадан лозим аст, хаста шудаем”,-гуфтааст шоҳиде.
Ба иттилои манбаъ, мубориза алайҳи пӯшидани ҳиҷоб дар Тошканд аз баҳори имсол шурӯъ шуд. Нахуст мақомот занони ҳиҷобпӯшро боздошт карданд ва баъдан таблуҳое, ки ҷадвали намоз ва иқтибос аз Қуръонро нишон медоданд, барчида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |