(АКСУ ВИДЕО) Нигаронии сокинони Ваҳдат аз дуди корхонаи нафт: Мо ҳам зиндагӣ кардан мехоҳем
Муҳаммади КАРИМЗОД Сокинони рустоҳои ҷанубии шаҳри Ваҳдат мегӯянд, тӯли чанд моҳ аст, бӯйи ғализи корхонаи коркарди нафт онҳоро нафасгир мекунад, вале касе ба додашон намерасад. Ба гуфтаи маскунини ин деҳаҳо бӯи ғализ ва дуди корхона ба даҳҳо деҳоти шаҳри Ваҳдат паҳн гардида, боиси нигаронии онҳо шудааст. Як сокини маҳаллаи Навобод бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, корхонаҳое, ки дар атрофи маҳаллаи “Участкаи дуюм” ва Дашти шӯр бунёд шудаанд, ҳаворо ғализ месозанд. Ӯ мегӯяд, дуди ин корхонаҳо ба афроде, ки касалии асма, дил, фишори хун доранд, таъсири манфӣ мерасонад: “Шабҳо вақти оромии мардум дудҳои ғализи вазнин сар дода мешавад, ки хоб кардан намемонад. Мо гуфтанӣ нестем, ки ин корхонаҳо пурра бардошта шаванд, аммо аққалан пеши роҳи дуди ғализи онҳоро бигиранд”. Ин сокини маҳаллаи Навобод меафзояд, бо сабаби партовҳои зиёд, гашту гузор дар наздикиҳои корхона душвор аст: “Дар роҳҳои дохили деҳаҳо мошинҳои вазнини боркаш равуо карда, талаботи роҳро риоя намекунанд. Роҳҳо хароб шудааст, мардум имкони таъмири онҳоро надорад. Аз ҳукумат ва аз ашхосе, ки ба ҳамин кор вобаста ҳастанд, хоҳиш менамоем, ба ин масъалаҳо расидагӣ кунанд”. Сафаралӣ Ҳамидов, истиқоматкунандаи дигари деҳаи Навобод, “ҳамсоя”-и корхонаи тавлиди нафт аст. Ӯ мегӯяд, дуд ва бӯйи бад ҳам ба кӯдакон ва ҳам ба зироаташ таъсир расонидааст: “Баъди сохтмони завод тамоман шароити зиндагӣ вазнин шуд. Ин бӯю дуди ғализ ҳам ба зироат ва ҳам ба кӯдаконамон таъсир дорад. Ҳатто оби ҳоҷатхонаашон ба пеши хонаҳоямон мегузарад. Аз бӯйи ғализ ва дуд шабҳо тамоман хоб надорем. Бӯй ва дуди ин корхона ҳатто то деҳаҳои Карсанг, Шӯри Боло ва дигар деҳаҳои атроф паҳн мешавад”. Дар ҳамин ҳол, Ҳикоят Мирхоҷаева, сокини маҳаллаи Навобод гуфт, ҳамеша бо як нигаронӣ зиндагӣ мекунанд: “Як маротиба дар корхона сӯхтор сар зад ва мо ҳама дар боронӣ сари лучу пойи луч фарзандонамонро гирифта, гурехтем. Хайрият сари вақт кормандони сӯхторнишонӣ омаданду оташ хомӯш карда шуд. Агар чунин ҳолат шабона, вақти хоб будани одамон шавад, чӣ мешавад? Мо шабу рӯз дар ҳарос зиндагӣ мекунем”. Кенҷагул Одинаева, сокини дигари маҳалла мегӯяд, дар як ҳавлӣ панҷ оила бо шумули 15 кӯдаки то 7-сола зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз фарзандони худ ду тифлро аз хонаи бепарасторон гирифтаву бузург мекунад: “Шабу рӯз ҳавои тоза гирифта наметавонем. Ҳукумати шаҳр аз ин ҳолат огоҳ аст, лекин ягон нафар моро напурсид, ки чи ҳол доред. Мо ҳам инсонем. Мо ҳам зиндагӣ кардан мехоҳем. Мо ҳам саломатӣ доштан мехоҳем. Инҷо ҳама зиндагии миёнаҳол доранд, имкони дигар ҷой рафта, хона сохтан надорем. Бинобар ҳамин хоҳиш дорем, ин масъала зудтар ҳалли худро ёбад”. Сокини маҳаллаи Шӯри Поён -- Раҳматулло Раҷабмуродов мегӯяд, ҳудуди ду киллометр дуртар аз корхонаи мазкур иқомат дорад. Ба иттилои ӯ, набераҳояш аз бӯю чанги корхонаҳои атроф ба бемории сурхакон мубтало шудаанд: “Худам фишори хун дорам ва ҳар гоҳ ин бӯй мебарояд нафасгириам вазнин мешавад”. Барои пурсидани назари масъулини корхонаи мазкур пушти дари он рафтем, аммо дарбонҳо иҷозаи вуруд надоданд. Гуфтанд, “раис дар шаҳри Душанбе аст”. Талошҳо барои мулоқот бо масъулини дигар бенатиҷа буд. Танҳо як корманди маҳаллии корхона бидуни бурдани ном гуфт, корхонаи мазкурро чиниҳо иҷора гирифта, ба коркард ва тавлиди солярка, бензин ва газ машғуланд. Ӯ афзуд, бӯйи ғализ ҳангоми ҷӯшонидани маҳсулоти нафтӣ пайдо мешавад: “Ростӣ, ин бӯй хеле нороҳаткунанда аст”. Сокинони рустоҳои қисмати ҷанубии шаҳри Ваҳдат мегӯянд, танҳо ин корхона нест, ки дуди он боиси нороҳатии одамон шудааст. Ба қавли онҳо, дар атрофи ин маҳаллаҳо корхонаҳои семент ва арматур низ фаъоланд, ки ҳамчунин дуди онҳо мояи нигаронии амиқ аст. Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳамаи ин корхонаҳоро шаҳрвандони Чин иҷора гирифтаанд. Сокинони маҳаллаҳои атрофи ин корхонаҳо мегӯянд, борҳо дар мавриди зарари онҳо ба мақомоти гуногун муроҷиат кардаанд, аммо бенатиҷа будааст. Аммо Ваҳҳоб Каримов , сардори шӯъбаи экологии шаҳри Ваҳдат имрӯз, 11 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳанӯз аз сокинони маҳаллӣ дар робита ба ин мавзӯъ шикояте нагирифтаанд: “Агар сокинон бо аризаи дастаҷамъона муроҷиат кунанд, метавонем дархосташонро ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуда, дар якҷоягӣ баррасӣ намоем”. Ба қавли ӯ, корхонаи мазкур ба талаботи экологӣ ҷавогӯ нест, аммо хабар надоранд, ки онҷо чӣ истеҳсол мешавад: “Аз аҳолии маҳаллӣ шунидем, ки нафт истеҳсол мекардаанд” . Оқои Каримов, афзуд, “мо даҳҳо маротиба хостем бинем, ки ин корхона асноди зарурӣ дорад ё на ва дар он ҷо ба чӣ кор машғуланду чӣ истеҳсол мекунанд? Хостем санҷиш гузаронем, аммо моро ворид шудан намонданд. Ба роҳбарони корхона низ даъватнома фиристодем, аммо наомада истодаанд”. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30