Шӯрои уламо фарорасии моҳи Рамазон дар Тоҷикистонро эълон кард
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягонаи ниҳоди расмии содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон фарорасии нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар кишварро эълон кард.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз Маркази исломӣ хабар дод, аъзои Шӯрои уламо дар ҷаласаи рӯзи 11 июни худ фарорасии нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар Тоҷикистро санаи 18 июн муайян кардаанд.
Инчунин дар ҷаласаи шӯро андозаи садақаи Фитр - 4 сомонӣ муайян шуд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |