Боздошти бародарони тоҷик барои “ивазкунӣ” дар имтиҳон
Раёсати хадамоти муҳоҷирати Русия дар Кубан аз боздошти ду бародари тоҷик хабар дод, ки яке талош кардааст, ба ҷои дигарӣ имтиҳон супорад.
Тибқи иттилои раёсати муҳоҷирати Кубан ҷавони 22-солаи тоҷик ба имтиҳон аз забони русӣ ба ҷои бародараш даромадааст: “Ӯ санади иқоматро пешниҳод карда, ба нақли тарҷумаи ҳолаш оғоз кардааст. Аммо зимни мушаххассозии бархе ҳаводиси зиндагияш асабонӣ шуда, ба хатоиҳо роҳ додааст. Дар натиҷа комиссияи қабул шубҳа карда, худи имтиҳонсупоранда низ иқрор шудааст, ки ба ҷои бародараш ба имтиҳон даромадааст. Ӯ гуфтааст бародараш забони русиро намедонад ва ӯ хостааст, кӯмак кунад”.
Ба иттилои мақомоти Русия бародарон то мушаххас шудани ҷузъиёти ҳодиса боздошт шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |