Вохурии Аслов бо Кристиан Фрис Бах дар Душанбе
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Кристиан Фрис Бах, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СОзмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 10 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва UNECE, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки айни замон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мубодилаи афкор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |