Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба Чехия кӯч бастааст?

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, (Ҳукумов) раиси пешини Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои зиндагӣ ба Аврупо рафтааст. Дар ин бора “Тоҷнюс” бо такя ба як манбаи худ хабар дода, афзудааст, ҷаноби Ҳукуматулло ҳамроҳ бо завҷааш дар шаҳри Карлови Варии ҷумҳурии Чехия зиндагӣ доранд.
Ба иттилои манбаъ, дақиқ нест, ки Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ барои ҳамеша дар Аврупо маскун мешавад ё дубора ба Ватан бармегарданд: “Аммо тибқи бархе манобеъ, ҳамсари ӯ шаҳрванди Олмон буда, агар иқомати доимӣ ҳам ихтиёр кунад, дар ҳамон кишвар хоҳад кард, на Чех”.
Қаблан, низ дар мавриди ба Аврупо кӯч бастани хонаводаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ хабарҳо расида буданд. Аммо он вақт гуфта мешуд, ӯ ба Олмон рафтааст.
Номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар пайи чанд қазияи марбут ба писаронаш – Рустам ва Расул расонаӣ шуд. Рустам ду маротиба чеҳраи хабарсоз шуд; аввалан дар пайи қазияи халабонҳои рус ва баъдан барои итоат накардан ба амри нозири роҳ дар шимоли Тоҷикистон. Исми Расул бошад, баъди як садамаи маргбор дар маркази Душанбе моли расонаҳо шуд.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ моҳи феврали соли 2014 аз симмати раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барканор гардид. Ахиран, номи ӯ дар робита ба нафақаҳои "осмонӣ" гирди забонҳо шуд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон 11 феврали соли равон зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ дар парлумон гуфт, собиқ раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, замони раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон буданаш дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |