Озодии деҳқонҳои чинӣ аз андоз: Кишт барои корхонаи Данғара...

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як ширкати чиниро, ки қаблан 15 ҳазор гектар заминҳои Хатлонро ба ихтиёр гирифт, аз андоз озод намуд.
Маҷлиси намояндагон имрӯз, 10-уми июн пешниҳоди ҳукуматро барои иловаи тағйирот ба қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 қабул карда, корхонаи Ҷунтай-Хатлонро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд. Ин ширкат тибқи як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон 15 ҳазор гектар замини вилояти Хатлонро ба муҳлати 49 сол дар ихтиёр дорад ва акнун тибқи қарори қабулкардаи парлумон зимни воридоти таҷҳизот ва дигар лавозимоти кишт аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.
Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2015 изҳор дошт, заминҳое, ки ба корхонаи чинӣ дода шудаанд, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва мақсад аз қабули ин лоиҳа, рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ӯ таъкид намуд, чиниҳо дар ин заминҳо асосан пахта кишт мекунанд ва маҳсулоташон дар корхонаи нассоҷии Данғара коркард хоҳад шуд.
Тавре зимни ҷаласаи парлумон зикр гардид, аз 15 ҳазор гектар замини ширкати Ҷунтай-Хатлон 9 ҳазор гектараш дар ноҳияи Қумсангир ва боқимонда дар 3 навоҳии дигари Хатлон ҷойгир мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |