Шанбе, 29 Марта 2025
АКС: Корвони мошинҳои Бурӣ Каримов ба Тоҷикистон расид

Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раъси як корвони мошинҳо аз Қазоқистон тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст.
Корвони мошинҳо таҳти роҳбарии Бӯри Каримов, ки 16 мошин ва намояндаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Словакия, Узбакистон, Олмон, Молдова ва Тоҷикистонро дар бар мегирад, 1-уми июн аз шаҳри Хоргоси Қазоқистон ба ҳаракат даромада, тариқи Қазоқистону Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар масири ҳаракати ин корвон нуқтаи ниҳоӣ шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон муайян шудааст, ки имрӯз, 10-уми июн бояд то ин шаҳр бирасанд.
Каримов ҳадафи ташкили ҳаракати ин корвони мошинҳоро баҳогузорӣ ба сатҳу сифати роҳҳои байналмилалӣ, инфрасохтор ва дигар хизматрасониҳо арзёбӣ кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наметавонад, ҳукуматҳоро водор кунад, аммо тавсияҳои мутахассисони ин шӯро метавонад барои ҳукуматҳо муфид бошанд. Эълони натиҷаҳои мушоҳидаю омӯзишҳои мутахассисон дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |