Суҳбати Раҳмон бо ас-Сода дар бораи бузургтарин масҷиди Душанбею шаҳраки Диёр

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода, вазири нерӯ ва саноати Қатар бунёди Бузургтарин масҷид бо сармояи ин кишвар дар шаҳри Душанберо “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳо арабӣ” хондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, субҳи 10 июн Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро, ки дар Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин вохурӣ масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ “Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон” ва лоиҳаҳои шаҳраки Диёри Душанбе ва Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, онҳоро “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ” номидааст.
Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода низ дар навбати худ дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид кардааст. Инчунин дар идома суҳбатҳо атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифта, бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба зарурати имзои чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата таъкид гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |