Тасвиби андозситонӣ аз кормандони САҲА дар Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми июн созишномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он аз кормандони маҳаллии дафтари САҲА дар Тоҷикистон андоз аз даромад ситонда хоҳад шуд.
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишнома изҳор дошт, ки Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо муваззаф шудааст, ки барои кормандони маҳаллияш андоз аз даромад супорад. Ба гуфтаи ӯ САҲА инчунин розӣ шудааст, ки аз ҳисоби буҷаи худ 140 ҳазор евро андоз аз даромади кормандонаш барои соли 2014-ро низ пардохт кунад. Манбаъ афзуд, ки ситондани андоз ба ҳаҷми маоши кормандон таъсир нахоҳад кард, зеро САҲА тасмим гирифтааст, ки андоз аз даромади кормандони маҳаллияшро аз ҳисоби буҷаи худ пардохт кунад.
Қаблан давлати Тоҷикистон сафорати Амрико дар Душанберо вазифадор карда буд, ки барои кормандони маҳаллияш дар Тоҷикистон андоз супорад.
Далели водор кардани ин ду ниҳод ба супоридани андозҳо дар он арзёбӣ мешавад, коргарони зиёди маҳаллиро ба кор ҷалб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |