Давлатов аз даъво алайҳи Ҷамила Ҳусейнова даст кашид
Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз даъвояш алайҳи рӯзноманигор -- Ҷамила Ҳусейнова ва нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор даст кашидааст.
Дар ин бора имрӯз, 10-уми июн ба хабаргузории “Озодагон” Ҷамила Ҳусейнова иттилоъ дода, афзуд, феълан сабаби аз даъво даст кашидани Давлатов дақиқ нест.
Қаблан Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон”, алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб карда буд.
Давлатов даъво дошт, дар матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова, ки таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в "кладбища" автобусов?” дар нашрияи “Вечерний Душанбе” чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.
Акбари Саттор, муассиси “Вечерний Душанбе” бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфта буд, Давлатов аз нашрия 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва аз хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб кардааст.
Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст. Ҳусейнова дар матлабаш Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанберо зикр карда, афзудааст, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: “Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд”.
Дар пайи ин даъво наздики 300 сокини шаҳри Душанбе бо имзои як муроҷиатнома дар фейсбук аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт дархост кардаанд, ки ба қазияи ба додгоҳ кашидани рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова бетараф набошад. Муроҷиаткунандагон даъвои додгоҳии Ҷумъахон Давлатов, муовини феълии раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро алайҳи Ҷамила Ҳусейнова беадолатӣ хондаанд, чун ба гуфтаи онҳо рӯзноманигор рисолати худро иҷро карда, фаъолияти Давлатовро дар замони раиси корхонаи “Автобус-1” буданаш, интиқод намудааст. Ин гуруҳи сокинони Душанбе мегӯянд, воқеан мушкилот дар умури нақлиёти пойтахт хеле зиёданд ва масъулин ба ҷои ислоҳ аз болои онҳое, ки ин камбудиҳоро ошкор мегӯянд, ба додгоҳҳо шикоят мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |