Бахшҳо
10 июн 2015 10:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Волидони Фирдавс Раҳматов, як ҷавони 22-солаи тоҷик, ки пас аз як моҳи сарбозӣ дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст, мегӯянд, аз натиҷаи ташхиси тиббии марги фарзандашон розӣ нестанд.

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд: “Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд”.

Латту кӯб ва марги сарбозон аснои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи наве нест. Дар гузашта низ волидони бархе сарбозон иддао карданд, ки фарзанди онҳо дар пайи мушту лагад маъюб шуда ё ҷон додаанд. Дар интернет низ чандин навори латту кӯби сарбозон аз ҷониби куҳнасарбозон дар гардиш аст. Ахиран, чунин як навор боиси сару садоҳои зиёде шуд, вале масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон онро кори дасти “иғвоангезон” хонданд. 


Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд


Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Ғанӣ Раҳматов, падари Фирдавс
Мӯҳр
дарвеш
Ланати Худованд бар ин вахшихои одамхур

Tojik
Joni vayo jonay i joni xalq boymijonai? Xdshon ba 5-10 tagi telekh megardan xalqi bechorara mebaran ay zindon badtar mekshan miyoran. Bad dili ki garm meshava nisbati khizmat? Albatta javono megrezan, bad ablava sr mekna...

Ин бори аввал нест, ки дар вазорати дифоъ чунин холат рух медихад. Ачоиб ки чаро нисбати шахсони баландмакоми ин ниход чорахои зарурй андшида намешавад. Ба ин модар сабри чамил хохонам.

Барои чӣ бошад, ки фақат бояд як нафар(сарбоз) ҷавоб дихад ин ҷо аз қумандонҳо ва роҳбари қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ, ки ба марг расонидани шаҳрванд оварда расонидааст пурсон шавем, чунки аз онҳо давлат боварӣ кардаву бо вазифа гузоштааст.

Ба ғазаби Худованди Азза ва Ҷалла Ҷалолаҳу гирифтор шавед, ваҳшиён. Ин чӣ г..ҳи хӯрдагиатон, ки бо фарзанди мардум кардед? Ҳамаи шумо, гунаҳгоронро бояд бар абад ба зиндони торик андохт, ки ҳаргиз равшаниро набинед. Лату кӯб дар артиши Шӯравӣ ҳам буд, вале то ба дараҷаи қатлу куштор не. Ин чандум ҳодисаест, ки дар, ба ном, артиши Тоҷикистони тозаистиқлол сурат мегирад? Пас аз ин ҳол кадом падару модар мехоҳад ҷигарбандашро ба марг равон кунад? Агар ҷомеаи демократии Аврупо мешуд, фавран истеъфои вазири мудофеъаро бо тамоми командааш талаб мекард. Мардуми мо бошанд, мисли ҳамеша хомӯшанд, то фарзанди худаш кушта нашавад! Ин гуна ҳодисаҳо дар қисмҳои ҳарбиё сурат мегирад, ки масъалаи таълиму тарбия умуман дар сатҳи нестӣ аст. Афсарони мутасаддӣ ҳамаи борро ба дӯши сержантҳо мепартоянду худашон машғули айшу ишрат мебошанд. Сержантҳо бошанд, сарбозонро ба маҳаллҳо тақсим карда, якеро ба дигар душман мекунанд. Пас аз ин мебинед, ки ҷангу ҷидол, лату кӯби грӯҳ ба гурӯҳ ва қасдгирӣ сар мешавад. Баъзан тасаввуре ҳосил мешавад, ки дар артиши Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дорад. Поёни он дида намешавад.... Чӣ ваҳшонияте!

Аз хоби гарон хез
АЗ ХОБИ ГАРОН ХЕЗ!!
Эй ғунчаи хобида, чу наргис нигарон хез!
Кошонаи мо рафт ба торочи ғамон, хез!
Аз нолаи мурғи чаман, аз бонги азон хез!
Аз гармии хангомаи оташнафасон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!
Аз хоби гарон хез!
Хуршед, ки пироя ба симои сахар баст,
Овеза ба гӯши сахар аз хуни чигар баст,
Аз дашту чабал қофилахо рахти сафар баст,
Эй чашми чахонбин, ба тамошои чахон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарои хез,
Аз хоби гарон хез!
Ховар хама монанди ғубори сари рохест,
Як нолаи хомӯшу асарбохта охест,
Хар зарраи ин хок гиреххӯрда нигохест,
Аз Хинду Самарқанду Ироқу Хамадон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез
Дарёи ту дарёст, ки осуда чу сахрост,
Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост,
Бегонаи ошӯбу наханг аст, чи дарёст?
Аз синаи чокаш сифати мавчи равон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Ии нукта кушояндаи асрори нихон аст,
Мулк аст тани хокиву дин рӯхи равон аст,
Тан зиндаву чон зинда зи рабти тану чон аст,
Бо хирқаву саччодаву шамшеру синон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Номуси азалро ту аминк, ту амини,
Дорои чахонро ту ясори, ту ямини,
Эй бандаи хоки, ту замони, ту замини,
Сахбои яқин дар кашу аз дайри гумон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Фарёд зи Афрангу диловезии Афранг,
Фарёд зи Шириниву Парвезии Афранг,
Олам хама вайрона зи Чингизии Афранг,
Меъмори Харам! Боз ба таъмири чахон хез!
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез,
Аз хоби гарон хез!
Ozodagon xohish mekunam chop kuned

Да я уже незнаю как по вежливому выразиться эти мрази моего брата как же убили а закон который для всех почему-то не стали не чего придпринять, как можно потом говорить что в ТЧ есть закон? Этот закон только для бедных а на Ваеных и и.д нет закона

Ҳолдон
Лаънати Худо бар он нафар, ки ин корро кардааст!
Аммо баъд, магар артише, ки сарбозашро аз қади кӯча қапида иҷборан мебарад, ки хизмат кунад, қудрате хоҳад дошт, ки мардуми одиро муҳофизат кунад?!
Вазири мудофия, Шӯрои амният, Кумитаи амният, Вазорати корҳои дохилӣ, Прократураи генералӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошанд?! Гуфтагӣ барин, мо Абудсмен дорем!
Чанд сол пеш дар шимоли Точикистон як НПО буд, ки бар муқобили облава ва дедовшина кор мебурд, хело дастовардҳо ҳам доштанд, вале вазоратҳои қудрати онро иҷрои плана "мешай" мета гуфта бастанд, бо туҳмати дуруғи бисёр говсуд карда он созмонро титу тор карданд.

Sarboz
Ajib in ast ki vahte rohi nafas band meshudast dar azoi badan pai latu kub paido meshudaast. Tavba durug ba dajai oli . Hamiro shukronai davlat meguyand? dar vahti tinji ki inhel kuned voi dar jang mekarda boshed.

очень жалко парнишку и их родителей..кто совершил такое гадкое преступление. они должны ответить за свои поступки перед законом..я думаю..это дело просто так не закроют..пусть проводят расследования..а там уже будет всё ясно

Бузург мехр
Jaro kamandiri rota gunakor nest vagat saldat gunakor ast boyad dar barobari sarboz masuli sarbozam gunakor boshad. bad javonon jitavr az sarbozi firor nakunad hijkas ba dasti kgudaw murdan namekhohad

модар
Бало бзанашона аку дар ин сурат дили модар дигар аз кучо гарм мешавад, ки фарзандаша ихтиёри равон кна хизмат хаи болорам камтар назорат кна охи чигапаи хдм уша задан гарданшща шикастану яктаи дигарша миёнша задану чандуми дигаршаи ки мурдесаи аз беморихои ба гуфтаи хдшон.. холо он ки пеш аз хизмат иноташхиси тибби мегузаран одамоера мегиран ки солиман аммо баъди як мох ё думох касал мешидиян чи гапаи хдш тибки конун облава нест бо ин гапо аз кучо пайдо шидагияи Худо хамихели одамора нишон тияки доги фарзанд чияи вахшиё

Akbarjon
Хозир агар ин чавонро мурдаашро аз Сурия меоварданд ин лахза ТВ-Точикистон як барномаи сериали дар бораи ин писару ин хонаводаи ин писар ташкил мекард ва хар рузи душанбе пахши такрори медод , вале чаро якбор дар телевизион инро намегуянд кани адолат кани конун ё Аллох ин чи шармандагист то кай мо писаронро аз даст медихем то кай мо ба мисли гулом зиндаги мекунем дар ин кишвар ???? бародарон холохам вакт аст андеша кунед ва амал кунед , Озоди агар озоди чоп кун !

Асадулло
Аввалан ба ин Модарчони азиз хамдарди байн мекунам ва аз Худочон хохони онам, ки ба ин Модари чигарсухта сабри чамил насиб гардонад.
Бадан дуогуи онам ки хамин рузи сахтро ба чунин нафароне ки ташкил карданд насиб гардонад Омин!
МОДАРЧОНИ АЗИЗ БЕГАМ БОШ ИНШОЛЛОХ ДЕР Ё ЗУД ОЛЛОХ ЗОЛИМХОРО ЧАЗОИ САЗОВОР МЕДИХАД.

Ватани бесохиб хеч гохьб ба хизмат намеравам худамро дор мекашаму намеравам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)