(ВИДЕО) Вазири адлия дар бораи миллиардҳои шубҳаовар, агент ва...(Навшуда)

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 10-уми июн тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйиру иловаҳо изҳор дошт, бо қабули ин меъёр созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, дар бораи сарчашмаҳои маблағгузорияшон ба мақомоти тоҷик иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, даромадашонро дар феҳристи махсуси ёрии башардӯстона сабт кунанд. Ба иттилои вазири адлия, тартиби пешбурди ин феҳристро ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.
Вазири адлия дар пайи қабули қонун ба “Озодагон” гуфт, мақомоти Тоҷикистон ягон ҳадафи маҳдудсозӣ ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро надошта, танҳо ният доранд дар масъалаи сармоягузорӣ шаффофиятро таъмин кунанд: “Ташкилотҳо фикр кардаанд, ки мо мехоҳем низоми иҷозатдиҳии қабули маблағҳои хориҷиро ҷорӣ кунем. Мо ин ниятро надорем, онҳо фақат огоҳ мекунанд, ки кадом маблағҳоро қабул карда истодаанд ва бо кадом мақсад. Имрӯз агар 2600 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ бошад, фақат қариб ҳазор ташкиот ҳисобот додаасту боқимонда не. Ин ҳам қонуншиканӣ аст ва агар мо ин хел гирем ҳуқуқ дорем ин масъаларо пайгирӣ кунем. Ба баъзеяшон огоҳӣ низ додаем”.
Ӯ инчунин ҳисобу китобро, ки гӯиё соли гузашта созмонҳои ҷамъиятӣ ҳудуди 4,5 миллиард сомонӣ маблағ гирифтаанд, шубҳаовар хонд: “Шубҳа дар он аст, ки мумкин, ки тартиби ҳисобкуниямон нодуруст бошад, барои он ки як грантро як ташкилот мегираду ба 5-6 ташкилоти ҷамъиятии дигар тақсим мекунад. Мумкин мо ҳаминро дубораву себора ҳисоб карда бошем. Лекин ин хатоиҳои мо мумкин, ки атрофи 10% бошад ва ҳозир ҳам ҳисобу китоб карда истодаем”.
Вазири адлия афзуд, ки маблағҳои калон асосан дар манотиқи куҳӣ, дар он ҷойҳое ҳастанд, ки Бунёди Оқохон фаъолият мекунад. Ӯ илова кард, ки ба ғайр аз ин дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маблағҳои дигаре низ мавҷуданд, ки мо бояд онҳоро назорат барем.
Рустам Шоҳмурод инчунин таъкид кард, дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ аз дунболи Русия нарафтаанд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба агентҳои хориҷӣ баробар накардаанд: “Русия барои назорати маблағҳо мафҳуми агенти хориҷӣ, низоми махсусро ҷориӣ кардааст. Мо ба ин роҳ нарафтем. Иттиҳодияҳо зимни мулоқотҳо аз мо хоҳиш карданд, ки таҷрибаи Русияро дар ин маврид истифода набаред, ба ҳамин хотир мо онро истифода накардем”.
Рустам Шоҳмурод изҳор дошт, ҳадафи ворид намудани ин навгониҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” таъмини шаффофияти маблағгузории созмонҳо аз хориҷи кишвар мебошад. Ӯ илова кард, инчунин мақсад аз ин тағйирот дар қонун пешгирӣ аз маблағгузории терроризму экстремизм ва дигар равандҳои номатлуб мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |