Омбудсмени қирғиз: Агар вазифаи ман лозим бошад истеъфо медиҳам
Бактибек Амонбоев, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Қирғизистон, имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи парлумон гуфта, омода аст аз симматаш истеъфо бидиҳад.
Ин мақоми қирғиз зимни ироаи ҳисоботи соли 2014 гуфтааст, Кумитаи ҳуқуқи инсони парлумон ҳангоми гӯш кардани гузориши ӯ меъёрҳои Конститутсия ва усулҳои Маҷмааи умумии СММ-ро риоя накардаанд. “Кумита корҳои анҷомшударо қаноатбахш арзёбӣ накард. Тасмим гирифт маро аз симматам сабукдӯш кунад. Ман аз парлумон тақозо мекунам дар баррасии гузориши ман аз адолат кор бигирад. Агар мушкил дар ман аст, агар вазифаи ман лозим бошад, агар шумо далелҳои комил дошта бошед ва кори маро қаноатбахш надонед, омодаам худам аз вазифа равам”,-гуфтааст Бактибек Амонбоев.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан дар парлумони Қирғизистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки омбудсмен гузориши соли 2014-ро ироа накарда, барои 19 рӯз рухсатӣ гирифта, Женева рафтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |