Эмомалӣ Раҳмон хост, созишҳо бо Туркманистон рӯи коғаз намонанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри 9-уми июн дар мулоқот бо муовини сарвазири Туркманистон Аннагелди Язмуродов масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишварро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии судбахши ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт, боркашонӣ, обу энергетика, маориф ва фарҳанг зоҳир гардид: “Таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва қарорҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад”.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки бо фаъол гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |