Президент хост, шароити тоҷикон дар Қазоқистон беҳтар шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори шароити беҳтар барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон шудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, шароити беҳтар барои муҳоҷирон яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бакитжан Сагинтаев, муовини якуми сарвазири Қазоқистон буд, ки бегоҳи 9-уми июн сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳайёсозии шароити боз ҳам беҳтари ҳуқуқӣ барои будубоши шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди ҳамдигар мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор доштааст, ки мо Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахшро бо он густариш диҳем.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон бо Бакитжан Сагинтаев инчунин вобаста ба тавсиаи робитаҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар, ҳамкорӣ дар бахшҳои саноатии кӯҳкорӣ, кимиёӣ, сохтмонӣ, дорусозӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва инчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва иқтисоди сабз суҳбат кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |