Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Она Ондо ба ҳамкориҳо дар бахши саноату куҳкорӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Даниэл Она Ондо, сарвазири Габонро, ки дар доираи сафаре дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин вохурӣ зуҳри 9 июн баргузор шуда, дар он масоили вобаста ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвар баррасӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва куҳкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Гуфта шудааст, нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон боиси рушди муносибатҳои ду кишвар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |