Ифшои сабабҳои худсӯзии зани 37-солае дар Панҷакент
Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд сабаби қасди худкушӣ кардани як зани 37-сола аз шаҳри Панҷакентро ифшо кард.
Муҳсинҷон Юсуфов, корманди дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин зан дар пайи шунидани суханҳои қабеҳ аз ҷониби ҳамсари бародараш бо истифода аз “солярка” худро оташ задааст: “Сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент дар манзили зисташ нисбат ба хоҳари шавҳараш суханони қабеҳ гуфта, шаъну шарафашро назди аҳли оилаву хешовандонаш паст задааст. Дар натиҷа ин зан рӯзи 31 майи соли равон, тахминан соатҳои 16:00 худро оташ задааст”.
Манбаъ мегӯяд, аз ҳодисаи худсӯзӣ хешовандони зан зуд огоҳ шуда, ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент мебаранд: “Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ ҷароҳати бардоштаи ин зан зарари вазнин ба саломатӣ дониста шуда, нисбати ҳамсари бародари ӯ тибқи моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |