Даргузашти Сорбони маъюб, ки барои ҷарроҳӣ кумак мехост (ВИДЕО)
Сорбон Саидзода, сокинони 14-солаи шаҳри Норак, ки барои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳояш аз ҳамватанони худ кӯмак хоста буд, дар беморхона аз олам даргузаштааст.
Алӣ Саидзода, падари Сорбон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш тахминан соати 4-и субҳи 8 июн дар бемерхонаи “Шаҳраки тиббӣ”-и шаҳри Душанбе ҷон додааст. Ба гуфтаи Саидзода, ҷанозаи Сорбони 14-сола дирӯз дар зодгоҳаш шаҳри Норак ба хок супорида шуд.
Падари Сорбон мегӯяд, азбаски хонаводаи онҳо бо мушкили молию шароити пасти иқтисодӣ рӯбарӯ буд, натавонистанд, сари вақт ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои писарашро анҷом диҳанд.
Ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои Сорбонро табибон ҳудуди 48820 сомонӣ гуфта будаанд. Саидзода Алӣ охирҳои моҳи май ба “Озодагон” муроҷиат кард ва аз мардуми саховатманд хост, барои наҷоти фарзандаш кӯмак намоянд. Он вақт ӯ гуфт, соҳиби 5 фарзанд буда, зиндагиаш ниҳоят вазнин аст: “Тӯли солҳои зиёд дар Русия кор мекардам, аммо номам ба рӯйхати афроди мамнуъулвуруд афтидааст, то соли 2016 аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрумам. Ҳоло дар ҳар куҷо мардикорӣ мекунам, ҳатто хона надорам, иҷора мешинам”.
Табибон гуфтаанд, бо гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳо писараш ҳатман шифо меёбад: “Бинобар ҳамин аз кулли шаҳрвандони тавонманду саховатманд ва ташкилоту муассисаҳои хайрхоҳ барои муолиҷаи писарам кӯмак мехоҳам. Дигар зӯрам барои табобат намерасад, ҳама дороиамро сарф кардам, дигар илоҷ надорам. Кӯмакам кунед!”.
ВИДЕОи кумакхоҳии падари Сорбон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |