Президенти Қазоқистон ҷоизаи мусиқӣ гирифтааст
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон соҳиби ҷоизаи мусиқии “Муз-ТВ 2015. Гравитатсия” шудааст.
Тавре сомонаи расмии раисиҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад, ҷоизаи “Барои саҳм дар зиндагӣ”-ро ба Назарбоев артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ -- Иосиф Кобзон тақдим кардааст. Расми эълони барандаҳои ҷоизаи “Муз-ТВ 2015. Гравитатсия” дар майдони "Астана Арена" дар ҳузури 33 ҳазор тамошобин ва овозхонони маъруфи Қазоқистону Русия сурат гирифтааст.
Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш гуфтааст: “Ман аз номи худ ва аз номи мардуми худ ҳамаи ситораҳои Русия ва Қазоқистонро хушомадед мегӯям ва барои дӯстӣ ва ҳамкориашон сипосгузорӣ мекунам. Мардуми Русия худро дар Қазоқистон ҳамчун дар хонаи худ эҳсос мекунанд ва мардуми Қазоқистон низ дар Русия ҳамчунин эҳсосро доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |