Раҳмону Сариев додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи Қарамиқро зарур хонданд
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон масъалаи додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ба миён гузошта шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, зуҳри 8 июн Эмомалӣ Раҳмон Сариевро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст. Дар мулоқот масоили марбут ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуда, ба афзоиши нишондодҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя таъкид шудааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, “дар ин вохурӣ додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ зарур дониста шуда, таъкид гардид, ки корҳои муайянсозӣ ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб бомаром идома дода ёбанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |