Талоши се мақоми баландпояи Афғонистон барои фирор ба Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз боздошти се мақоми баландпояи Вазорати шаҳрсозии ин кишвар хабар додааст, ки қасди фирор ба Тоҷикистонро доштаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин афрод субҳи имрӯз, 8 июн дар вулусволии Шуғнон дастгир шудаанд. Аҳмад Навид Фурутан, сухангӯи сарпарасти вилояти Бадахшон аз боздоштшудаҳо Аҳмад Навоз Бахтиёр, Саидамон Саодат ва Муҳаммад Амин Қонеъ ном бурдааст. Аввалӣ раиси тасаддихонаи вазорати шаҳрсозӣ, дуюмӣ масъули молӣ ва Амин Қонеъ раҳбари як раёсати ин вазорат будаанд.
“Ду ҳафта қабл раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ шаш мақомдори ин вазоратро бо иттиҳоми ришвахорӣ асабукдуш кард. Тафтишоти қазия бар уҳдаи Додситонии кулл вогузор шудааст. Ҳамаи ин шаш нафар ҳаққ надоштанд, марзи Афғонистонро тарк намоянд”,-афзудааст сухангӯи сарпарасти вилояти Бадахшон.
Пештар расонаҳо аз фирори яке аз ин шаш нафар ба Покистон хабар дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |