Имом муаллимро ба масҷиди "Султон Маҳмуд" роҳ надод
Имоми масҷиди ҷомеи “Султон Маҳмуд”-и ноҳияи Сухи Фарғона ба масҷид рафтани кормандони муассисаҳои давлатиро манъ кардааст. Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз бошандагони деҳаи Газнови ноҳияи Сух менависад, Авазҷон Исмоилов, имоми ин масҷид кормандони давлатӣ, аз ҷумла табибон, муҳандисон ва омӯзгоронро иҷозаи гузоштани намоз дар ибодатгоҳи “Султон Маҳмуд” намедиҳад.
Ба гуфтаи як сокини русто, имом ба гуфтааст, “бигузор омӯзгорон ба дарс додан машғул шаванд, хонандагон дарс хонанд ва табибон ба табобати маризон масруф бошанд”.
Сокини дигари рустои Газнов ба радиои “Озодлик” аз тариқи WhatsApp пайём фиристодааст, ки дар онҷо аз як моҷарои намози ҷумъа гуфта шудааст. “22 май Абдулазиз Абдулвоҳидов, муаллими варзиши мактаби рақами 21 барои адои намоз ба масҷиди “Султон Маҳмуд” меояд. Имом ӯро дида мепурсад: “Ту инҷо чӣ кор мекунӣ? Бароят ба инҷо омадан иҷоз нест, баро аз инҷо”. Ин намозгузор дар ҷавоб мегӯяд, “хуб аст, бори дигар намеоям”.
Баъд аз ин, имом ба ҷамоат ишора карда мегӯяд: “Агар ин одам аз масҷид берун нашавад мо намози ҷумъаро нахоҳем хонд” ва муаллим масҷидро тарк кардааст”.
Хабарнигори “Озодлик” мегӯяд, натавонист бо Абдулазиз Абдулвоҳид дар тамос шавад, аммо имоми масҷид берун кардани ӯро рад накардааст. Ин имоми масҷид гуфтааст, раҳбари мактаб ба ӯ шикоят бурд, ки муаллимон дарсҳои худро монда, ба масҷид мераванд. “Раҳбари мактаб гуфт ки агар шумо онҳоро ба масҷид роҳ диҳед, ман аз шумо ба Хадамоти амнияти миллӣ шикоят мебарам”,-гуфтааст имоми масҷид
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |