Тавсифи “Ҳашти субҳ” аз муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и чопи Кобул дар пайи сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Ҷумҳурии исломии Афғонистон равобити 13 соли гузаштаи Тоҷиктон ва Афғонистонро “муҳкам ва ҳасана” гуфтааст.
Ба навиштаи ин нашрия, “ду кишвар дар арсаҳои гуногун бо ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқ Толиқон ва бархе аз рустоҳои вилояти Тахорро таъмин мекунад. Миёни ин ду кишвар ҳамкориҳои амниятӣ низ вуҷуд дорад”.
Аммо муаллифи матлаб навиштааст, дар моҳҳои ахир кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла, Тоҷикистон аз ноамнӣ дар Бадахшон ва Кундуз ба шиддат нигарон ҳастанд: “Ин кишварҳо таҳавулоти майдони набардро дар Кундуз, Бадахшон ва Форёб дунбол мекунанд. Гузоришҳое вуҷуд доранд, ки ҷангҷӯёни созмонҳои ифротии мухолифи кишварҳои Осиёи Миёна дар набардҳои Кундуз ва Бадахшон ҳузур доранд”.
Ин матлаб ба нигаронии Русия аз ин ноамниҳи низ ишора карда навиштааст: “Ин амр эҷод мекунад, ки ҳамкориҳои амниятӣ миёни Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон бештар шавад”.
Ба ин тартиб “Ҳашти субҳ” навиштааст, сохторҳои амниятии кишварҳои Осиёи Миёна барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир зарфияти калон доранд ва таъкид кардааст, ин амр ба Тоҷикистон имкон медиҳад, дар маҳор кардани ноамнӣ кумак кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |