АКСУ ВИДЕО: Ҷашнвораи “Абрешим ва зиравор” дар Бухорои Шариф
Бухорои Шариф барои бори 14-ум мизбони ҷашнвораи “Абрешим ва зиравор” шуд.
Тайи чор рӯз (аз 28 то 31 май) косибону ҳунармандон аз Узбакистон ва кишварҳои минтақа, бо шумули Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон маҳсули ҳунармандони мардумӣ ва ҳунарҳои муосирро ба намоиш гузоштанд. Дар чорчуби ин фестивал намоиши муди тарроҳони ҷавон низ баргузор шуд.
Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Мукаррама Қаюмова, раиси Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва муассиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон -- “Ҳафт пайкар” раҳбарӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |