Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Хабари тирборон шудани зани 30-сола аз ҷониби пулис дар Афғонистон

Як зани 30-сола дар вилояти Сарипули Афғонистон нахуст тавассути бародари шавҳараш ба сурати беҳармона латту кӯб ва баъдан бо ҳамкории пулиси маҳаллӣ тирборон шудааст. Дар ин бора расонаҳои давлати исломӣ хабар додаанд.
Насиба Орзу, раиси умури занони вилояти Сарипул дар суҳбат бо торнамои “Ҷумҳурнюз”-и Афғонистон гуфтааст: “Ин бону аз бошандагони ин вилоят буд. Ду моҳ пеш шавҳари ин бону, ки пулис буд, ҳинаи ифои вазифа кушта шуд”.
Ба гуфтаи хонум Орзу, ин зан бо далели ради издивоҷ бо бародари шавҳараш мавриди латту кӯб ва тирборон қарор гирифтааст: “Тибқи расми ғалати мардум зане, ки шавҳараш мемирад ё кушта мешавад бо яке аз аъзои хонавода бояд издивоҷ кунад. Вақте бародари шавҳари ин зан пешниҳоди издивоҷ мекунад, зан рад мекунад ва мавриди латту кӯб ва тирборон қарор мегирад”.
Ин ҳодиса сару садои зиёдеро дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ба вижа ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Афғонистон аз амалкарди бародари шавҳари ин зан ва пулиси маҳаллӣ шадидан интиқод карда, аз мақомоти додгоҳӣ хостаанд, омилони ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |