Доктор Абдуллоҳ вориди шаҳри Душанбе шуд
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон ба Тоҷикистон омад. Тавре аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд, доктор Абдуллоҳ бегоҳи 7 июн вориди шаҳри Душанбе шудааст.
Қарор аст, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон дар ҷараёни ин сафараш ба Душанбе дар Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” иштирок карда, бо мақомҳои баландпоя, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намояд.
Ин нахустин сафари балантарин мақоми ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон ба Тоҷикистон аст.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |