Ҳамлаи Толибон ба Юмгони Бадахшон
Мақомоти маҳаллии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки Толибон субҳи имрӯз 6 июн ба вулусволии Юмгони ин вилоят ҳамла кардаанд.
Сахидод Ҳайдарӣ, мақоми амниятии ин вилоят гуфтааст, ки даргирӣ миёни Толибон ва низомиёни Бадахшони Афғонистон идома дорад, вале аз талафоти ҷонӣ чизе нагуфтааст.
Толибони мусаллаҳ иддао кардаанд, ки ин вилоятро таҳти тассаруфи худ даровардаанд.
Аммо, Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи қумандонии амнияти Бадахшон ин иддаои Толибонро рад кардааст. Ин мақоми амниятии Бадахшон гуфтааст, ки танҳо бахше аз вулусволии Юмгон таҳти контроли Толибон царор дораду бас. Ба гуфтаи вай, нерӯҳои бештар ба ин вулусволӣ алакай эъзом шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |