Дархости Сурия барои пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай
Димитрий Мезентсев, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) изҳор доштааст, ки Сурия барои соҳиби мақоми кишвари нозир шудан дар ин созмон дархост пешниҳод кардааст.
Ӯ гуфтааст, “мо, воқеан бо эҳтиром ва манфиатдорӣ ин дархости ҷониби Сурияро барои гирифтани мақоми нозир пазируфтем, вале бар асоси таҷрибаи ҳоким ҳоло мақоми нозирро гирифтан дар СҲШ як каме мураккабӣ дорад. Давлате, ки мехоҳад ба СҲШ бипайвандад дар оғоз мақоми шарики муколамаро мегирад ва бо гузашти замон ва фаъолона саҳми мутақобил гузоштан дар як сатҳи муайян дархост барои мақоми нозирро соҳиб шудан пешниҳод мекунад”.
Аз ин пеш аз вуҷуди чунин як дархости ҷониби Сурия баъзе аз мақомдорони СҲШ изҳори беиттилоӣ карда буданд, вале дабири кулли СҲШ гуфт, “ин дархост дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва ба баррасӣ гирифта мешавад: “Дар мавриди баррасии марҳилаҳои он боз ба ҷомеа иттилоъ пешниҳод мекунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |