Таъкиди Президент дар вохӯрӣ бо вазири Эрон ба тадбиқи амалии санадҳои имзошуда
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон ба татбиқи амалии санадҳои имзошуда миёни ду кишвар таъкид кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июн вазири кишвари Эронро, ки дар доираи як сафар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфта, аз рушди ҳамкорӣ миёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистону Вазорати кишвари Эрон ва заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард. Дар ин вохурӣ ба рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва назорати маводи мухаддир ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |