
Ҳоло ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар рӯйхати мамнуъулвуруд ва раддимарзшудаҳои мақомоти Русия қарор дорад. Раддимарзшудаҳо то 5 сол ва мамнуъулвурудшудаҳо аксаран то 3 сол наметавонанд ба Русия раванд. Гуфтанист, ҳар муҳоҷир ба ҳисоби миёна чор нафари дигарро бояд таъмин намояд. Бо таваҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: МУҲОҶИРОНИ РАДДИМАРЗШУДА, БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Ин 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ қурбони сиёсат шудаанд ва ин вазифаи сиёсатмадорҳо аст, ки онҳоро бо кор таъмин кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ такя мекунад ва он уҳдадор аст, ки мушкилоти шаҳрвандонашро, ки дар Ватан ҷои кор наёфтаанду маҷбур шудаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, ҳал кунад. Охир намешавад, ки мо пули мефиристодаи онҳоро “хуш омадӣ” гӯему мушкилоташонро - “ҳаволаат ба Худо”. Баъдан, агар ин теъдод мардуми бекор дар Тоҷикистон ризқу рӯзиашонро пайдо карда натавонанду дари Русия низ ба рӯяшон баста бошад, боз ҳам метавонад дарди сари ҳукумат шавад: эмиссарҳои ДИИШ ва дигар ҳаракатҳои тундгаро пайт мепоянд, то ана ҳамин гуна шаҳрвандони норозиро ба сафи худашон ҷалб кунанд. Ин муҳоҷирон ҳамчунин қурбони сиёсати Русия шудаанд, ки аз онҳо ба ҳайси як василаи фишор болои ҳукумати Тоҷикистон барои бор кардани сиёсати интегратсионии худ истифода мекунад. Пӯшида нест, ки лоиҳаи “Иттиҳоди гумрукӣ”-и Русия бештар шеваи сиёсӣ дорад ва барои пиёдасозии он Русия аз ҳама роҳу усулҳо истифода карда истодааст, аз ҷумла аз бастани дар ба рӯи муҳоҷирони корӣ. Пас чӣ бояд кард? Ҳукумат бояд барои шаҳрвандонаш ҷойҳои кории нав эҷод кунад. Ё ҳадди ақал, барои сохтани чунин ҷойҳои корӣ ба соҳибкорон монеа эҷод накунад. Сиёсати рушди соҳибкорӣ, ки чандин сол боз аз минбарҳо мегӯемаш, пеш аз ҳама ба “халос кардани соҳибкорон аз чанголи ҳар гуна “тафтишкунандаҳо” равона шавад. Миқдори кормандони давлатиро кам кунем ва пули сарфашударо барои додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон истифода кунем. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон бояд дар муқобили фишорҳои Русия аз фишангҳои худ истифода барад. Чаро мо наметавонем дар муқобили истифодаи ройгони замини мо барои пойгоҳи ҳарбиаш аз Русия барои муҳоҷирони меҳнатиамон имтиёз талаб кунем? Ё чаро мо наметавонем аз Маскав талаб кунем, ки ҳуқуқи шаҳрвандони мо тибқи қонунҳои байналхалқӣ риоя шавад? Чӣ, магар Русия узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нест? Метавонем! Танҳо ҳаққи худро талаб кардан даркор.
Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Дар дунё давлатҳои аз нигоҳи масоҳат кӯчактар аз Точикистон ҳастанд, ки аҳолияшон ба маротиб аз Тоҷикистон зиёдтар аст. Аммо, ҳукуматҳои онҳо дар фикри ба муҳоҷират фиристодани шаҳрвандонашон нестанд. Баръакс, муҷоҷир даъват мекунанд. Масалан, Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди ҷанги шаҳрвандияш дар миёнаи асри гузашта, дар муҳлати 15-20 сол давлати пешрафтаи дунё шуд. Ҳоло ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон масоҳати аз Тоҷкистон камтар дораду аҳолияш чанд маротиба зиёд. Ё Сингапурро бигиред, ки ҳатто оби нушокиро мехарад. Чунин мисолҳо зиёданд. Чаро Ҳукумати Тоҷикистон фикри ташкили ҷойҳои кор дар Ватан накунаду роҳи дигари ҳиҷрати тоҷиконро ҷӯяд?! Магар тоҷикон яке аз миллатҳои таърихӣ нестанд? Як вожаи илмӣ аст -"сублимация". Чун аз уҳдаи кори асосӣ набаромадӣ, тамоми қувваро ба кори дигар сарф мекунӣ. Бояд дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ сохт.
Зафар ҚУРБОНОВ, ҳуқуқшинос
Пушти ин 400 ҳазор боз мумкин ҳудуди беш аз як миллиони дигар аз хонаводаашон, ки аз ҳисоби кори онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз мегузарониданд, қарор дошта бошад. Агар ба ҳисоб гирем, ҳар яки ин агар 4 фарзандӣ ё дар оилаашон 4 нонхӯри дигар дошта бошанд, ин бештар аз як миллион мешавад. Аз ҳама беҳтараш бояд ҳукумат ҷойҳои корӣ дар Ватанро барои на танҳо муҳоҷирони депортшуда, балки барои кулли шаҳрвандони кишвар таъмин намояд. Масъалаи мушкилоти муҳочират на танҳо хоси мамлакати мост, балки тамоми дунё ба ин мушкил мувоҷеҳ аст. Дар баробари таъмини ҷойҳои корӣ ҳукумат бояд роҳҳои алтернативии муҳоҷиратро дар дигар кишварҳо биҷӯяд. Маълум аст, ки маблағи ирсолмекардаи муҳоҷирон чандин миллионро ташкил менамояд. Ҳукумат бояд сари ин масъала ҷиддӣ фикр карда, ҷиддӣ чораҷӯ бошад. Яке аз масоили муҳими муҳоҷират, ин таъмини хуқуқҳои муҳоҷирон, бехатарии меҳнат, бехатарии ҳаёт ва саломатии онҳо мебошад, ки сари ин масъала танҳо Ҳукумат метавонад чораандешӣ намояд. Масъалаи асосӣ ин ҳаёт ва саломатии муҳоҷирон аст, зеро маълум аст, ки чи қадар тобутҳои бародарон ва ё хоҳарони мо аз кишвари Русия ба Ватан меояд, ҳамаи онҳо волидайн, зану фарзанд ва хоҳару бародар доранд. Ба фикри ман ҳукумат масъалаи муҳоҷиратро бояд дар сатҳи дигар давлатҳо ба роҳ монад, алалхусус кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои Осиёӣ, назири Индонезия, Малайзия ва ғайра.
Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ
Ҳукумати Тоҷикистон албатта дар ҷустуҷӯи ҳалли ин масъала буд ва ҳаст. Ва албатта аз тамоми роҳҳо истифода хоҳад кард, то зарар ба мардум камтар расад. Аз ҳама муҳимаш гуфтушунидҳо бо сохторҳои дахлдори Русия давом доранд ва албатта роҳҳои беҳтарини ҳалли масъала дарёфт хоҳанд шуд. Ҳоло бо Қазокистон ва Кореяи Ҷанубӣ низ оиди дигар кардани самти муҳоҷират гуфтушунид рафта истодааст. Вале дар маҷмӯъ мо манфиатдори ба дигар кишварҳо кӯч бастани мардуми худ нестем. Аз ин сабаб президенти кишварамон дар назди мақомоти давлатӣ вазифа гузоштаанд, ки бояд ҳар чи бештар ҷойҳои кории шоиста барои мардум ба вуҷуд биёранд.
Абдуазим АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор:
Агар ман ҳам ба ҷои яке аз муҳоҷирони корие, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд мебудам, ростӣ намедонистам, чи кор кунам. Коре карда баргашта ба Русия мерафтам. Мумкин шиносномаам, ному насабамро иваз мекардам. Зеро дақиқ аст, ки Ҳукумат муҳоҷиронро бо ҷои кори сазовор дар дохил таъмин карда наметавонад. Инчунин, ҳеч талоше ҳам надорад, ки барои муҳоҷирон, ки бори аслии иқтисод ба дӯши онҳост, бозори навро ёбад. Мисли қазоқҳо дари Кореяи ҷанубиро кӯбад ё ба кишварҳои дигар равад. Ҳамчун як шаҳрванд аз Сумангул Тағойзода, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мебошад, дар ин самт ҳеч интизорие надорам. Он кас бо Константин Ромодановский, сарвари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия забон ёфта наметавонанд, асло бо дигар кишварҳо ҳам забон нахоҳанд ёфт.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Маслиҳат додан кори саҳл аст, вале касе метавонад маслиҳати муфид диҳад, ки худро дар пӯсти он бечораҳо боре эҳсос карда бошад. Афсонаҳои ташкили чандин ҳазор ҷойи кор дар Тоҷикистонро канор гузорем. Чанд нафар маслиҳат дода буданд, ки ба коркарди замин дар Тоҷикистон машғул шаванд ё ба кишварҳои аврупоӣ бираванд. Аммо он муҳоҷири бечора барои коркарди замин маблағро аз куҷо пайдо кунад? Дар мо ки ақалан мисли ҳамон Русия барномаи дастгирии кишоварз нест ё субсидия намедиҳанд. Баъдан барои коркарди замин дар Тоҷикистон маблағи зиёд лозим аст, ки муҳоҷир барои иваз кардани шуғли мардикорӣ ба кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ду сол дар Русия пул ҷамъ кунад. Ё рафтан ба кишварҳои Аврупо. Бе кумаки давлат (ки умеде нест) дар муддати наздик ин кор ғайриимкон аст. Чун аввал бояд забон донӣ. Баъдан ҳадди ақал барои визаю чиптаву чанд рӯз истиқомат 1500 доллар дошта бошӣ. 1500 доллар 80000 рубл мешавад, ки ҳадди миёнаи маблағест, ки як муҳоҷир бо худ меорад. Рости гап, аз маслиҳат додан хиҷолат мекашам, чун боре ҳам муҳоҷири меҳнатӣ набудаам. Ба Ҳукумат маслиҳат додан осонтар аст, ки бо муҳоҷирони ихроҷшуда бояд чӣ кор кунад. Аммо умеди фоидае нест. Ба назари банда сабуктарин роҳ барои ин 400000 (ҳарчанд ба гумонам ин рақам каме муболиға аст) рафтан ба кишваре мисли Туркия аст. Чун виза лозим нест, наздиктар аст, ҳамдинанд ва аксари тоҷикон, ки забони ӯзбакиро балад ҳастанд, туркиро зуд ёд мегиранд. Баъдан бояд ҳарчӣ зудтар ба омӯзиши забони англисӣ оғоз кунанд. Аз таҷрубаи имрӯзаи худам мегӯям, ки ҳарчӣ сареътар бояд забон омӯзанд. Аз ҷиҳати дигар, ҳарчанд имрӯз мушкил аст, аммо дар оянда ин мушкилот чанд фоида меорад. Аввал мардум маҷбур мешавад, дар кишварҳои дигар ҷои по пайдо кунад ва мо аз вобастагӣ ба пулу иқтисоди русӣ озодтар мешавем. Дуввум, бо зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ ва норизоӣ давлат маҷбур мешавад, барои ҷои кор пайдо кардан ба ин гурӯҳи бузург муборизаро бо фасод қавитар кунад. Саввум, худи мардум маҷбур мешавад, роҳҳои дигари даромадро ҷуз ғуломи русҳо будан пайдо кунад.
Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия
Аслан ин мушкил танҳо барномаҳои амалӣ мехоҳад ва боварӣ дорам, ки мақомоти Тоҷикистон, ки бозингари асосии ин падида ҳастанд, аз “дар ҳолати муҳосира” будани Тоҷикистон бохабаранд ва ин гуна барнома доранд. Ва ин ҷо пеш аз ҳама мақомот агар ҳолати фавқулодда эълон ҳам накунанд, бояд ҳолати буҳрониро, ки мардум солҳо боз зиндагӣ доранд, эътироф кунанд ва аз паси шиорҳо ва идеологияҳои обшуста берун шуда бевосита воқеиятро дар якҷояги бо мардум рӯ ба рӯ шаванд. Имрӯз давлат бояд аз он амалдорон, ки ҳамчун зархарид барои миллат кор мекунанд, худро озод карда тавонад. Яъне, фазоеро ташкил карда тавонанд, ки он ҷо имон ба қонун ва ба ҳақиқати ин миллат ва ин чунин боварӣ ба якдигар вуҷуд дошта бошад, ки имон ва боварӣ устухонҳои ҷомеаи солиманд. Фикр мекунам, агар мақомот ҷавобагриро воқеан ба гардан гирифта, амал кунанд дар ин фурсат бо мардум забон ёфтан ва ин мушкилотро пушти сар кардан мумкин аст. Забон ёфтан, яъне то чи қадар имкон, ки бошад аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ кардани қишрҳои заифтарини ҷомеа ва барқарор кардани бехатарии иҷтимоӣ ва бехатарии вуҷудии мардум аст.
Мӯҳр