Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба Сурия
Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, панҷ шаҳрванди хориҷӣ бо шумули як табааи Тоҷикистонро, ки қасди ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт кардааст. Чор нафари дигар шаҳрвандони Русия (ду кас), Қазоқистон ва Узбакистон будаанд.
Ба иттилои Хадамоти амнияти Украина, ин афрод қасд доштаанд, тавассути марзи Туркия худро ба Сурияву Ироқ бизананд ва ба “Давлати исломӣ”, як гуруҳи террористии фаъол дар Сурияву Ироқ бипайванданд.
Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ин панҷ шаҳрванди хориҷӣ рӯзи сеюми июн дар пайи як амалиёти Хадамоти амнияти Украина дастгир шудаанд. Мақомот аз онҳо ном набурдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |