Роналду аз Месси “бойтар” будааст
Рӯзномаи “Морко”-и чопи Испания 10 варзишгари сарватмандтарини ҷаҳонро муайян кардааст.
Нашрия Флойд Мевдр, муштзани амрикоиро дар мақоми аввал гузоштааст. Дороии ӯ 105 миллиюн доллар гуфта мешавад. Дар зинаи дуюм бо 78 миллион доллар Криштиану Роналду, футболбози португалии тими “Реал Мадрид”-и Испания нишастааст.
Ҷеймз Лебрун, баскетболбози амрикоӣ бо 72,3 миллион долар дар ҷои се ва Лионел Мессӣ, футболбози оржентинии тими “Барселона”-и Испания бо 64,7 миллион доллар дар зинаи чоранд.
Дар рейтинги “Морко” ҷойҳои панҷу шаш мутаносибан ба бастекболбози амрикоӣ Куби Бройант (61,2 миллион доллар) ва голфбози амрикоӣ Тойгар Вудз (61,2) дода шудааст.
Роҷер Федерер, тенисбози суисӣ, ки дороияш 56,2 миллион долар будааст, мақоми ҳафтро муаррифӣ мекунад. Се зинаи баъдӣ насиби Фил Майклсон, голфбози амрикоӣ (53,2), Рафаел Нодол, тенисбози испанӣ (44,5) ва Мет Роён, футболбози амрикоӣ (43,8) гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |