Ҳалокати ду нафар дар пайи ба дарёи Фон сарозер шудани “Мусо”
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ду рӯзи ахир ду мошин ба дарёи Фон сарозер шудаанд.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуотии ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, рӯзи 3 июн тахминан соатҳои 09:00, ронандаи нақлиёти тамғаи “Мусо” - Моилҷон Азимови 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Дардари ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 117-и роҳи мошингарди “Душанбе – Чаноқ”, дар ҳудуди мавзеи Чоре аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба дарёи Фон сарозер мекунад: “Дар натиҷа 2 мусофири ин мошин - Сайрам Ҳакимоваи 31-сола аз ноҳияи Айнӣ ва Турсунмурод Нурматови 21-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар об ғарқ шуда, ба ҳолкат расидаанд”.
Ба иттилои манбаъ, мусофири дигар ин нақлиёт, духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2012, аз соҳили дарё бо ҷароҳатҳои вазин дарёфт шуда, феълан дар беморхонаи ноҳия бистарист.
“Санаи 4 июн тахмин соатҳои 11:00, шаҳрванд Мурод Ҷӯраеви 55-сола, сокини шаҳри Исфара, ронандаи сабукрави “Опел-Вектра”, дар вақти ҳаракат намудан, дар километри 117-уми роҳи “Душанбе – Чаноқ”, воқеъ дар ҳудуди мавзеи Чоре нақлиёташро дар канори роҳ беназорат гузоштааст. Сабукрави бе мусофиру ронанда ба ҳаракат даромада, ба дарёи Фон афтода, ғарқ шудааст”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |