Нигаронии Э.Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои мусалмонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5 июн вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии ин созмон ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иттилоотӣ дар фазои кибернетикӣ баррасӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштааст, “сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд”.
Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, Тоҷикистон паёмадҳои ифротгароию терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондааст ва мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад.
Дар ин мулоқот ҷонибиҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба таҳким ва густариши минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамгироӣ барои таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |